Сафаргул: Дар ёфтани писарам кумак кунед!(ВИДЕО)

Сафаргул Торонова, истиқоматкунандаи деҳаи Роҳи Нави ҷамоати Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ду чашми гирён ва умеди зиёд ба сомонаи Тajikistantimes.com омад, то хабари бедарак шудани писарашро ба ҳама бирасонем ва ҳар чи зудтар аз ӯ хабаре пайдо шавад.

Сафаргул Торонова, истиқоматкунандаи деҳаи Роҳи Нави ҷамоати Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ду чашми гирён ва умеди зиёд ба сомонаи Тajikistantimes. com омад, то хабари бедарак шудани писарашро ба ҳама бирасонем ва ҳар чи зудтар аз ӯ хабаре пайдо шавад.

Ин модари зор ва ночору дармонда, модари Маҳмаднабии 19- сола ба  мо нопадид шудани писарашро чунин шарҳ дод:

-Писарам Маҳмаднабӣ Ғолибов аз сабаби набудани шароити мусоиди зиндагӣ бори дуюм аст, ки ба  Федератсияи Русия  барои кор кардан меравад.

Соли аввали мардикориаш дар Русия  шаш моҳ нағз кор кард ва ба Ватан боз пас омад. 12  марти соли равон маротибаи дуюм ба Русия рафт. Дар он ҷо ду- се моҳ  дар бозори «Садовод»-и шаҳри Маскав ба ҳайси нигоҳбон  ба кор  даромада буд. Дар ду моҳи аввали  кориаш  ду маротиба маблағ равон кард, ҳар рӯз гап мезадем, ҳатто дар як соат ду- се маротиба занг мезад.

Охирон маротиба ҳамроҳаш санаи 6 июни соли 2019 гап задам ва баъдан аз ӯ на хат ёфтаму на хабар. Ҳамаи наздикону пайвандон ва дӯстонаш ӯро ҷустуҷӯ карданд, вале як моҳ мешавад аз писарам хабаре нест.

Ҳамкоронаш мегӯянд, ки охирон маротиба ӯро бо як марди рус дидаанд. Онҳо барои фаровардани боре ба кадом мағозае  рафтаанд. Дӯстонаш  баъд аз он Маҳмаднабиро надидаанд…

Ғуломов Маҳмаднабӣ Музаффарович  (санаи таваллуд 22.11.2000) 19 -сол дошта айни ҳол  дар ҳама шӯъбаҳои милитсия дар ҳолати ҷустуҷӯ қарор дорад. 

Сафаргул Торонова аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хоҳиш дорад, барои пайдо кардани Муҳамаднабии ҷигарбандаш кӯмак кунанд.

Ба диққати тамоми шаҳрвандон расонида мешавад, ки  ба аксҳои зер бо диққат нигоҳ кунанд ва агар ягон хабар ё маълумоте дар ин бора  дошта бошанд ба рақамҳои зер дар тамос шаванд. 

+992 93 710 84 02,

+992 93 772 88 89

Бахтовар Сафаров

Ширин Тоҳирӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *