Сафири нави Амрико дар Тоҷикистон журналист ҳам ҳаст…

Сафорати Амрико дар Душанбе хабар дод, ки Марк Поммершайм, сафири тозатаъйини он кишвар ба зудӣ барои иҷрои вазифаҳояш ба Тоҷикистон меояд. Дар баёнияи сафорат аз рӯзи 27-уми январ омадааст, ки дипломати собиқадорро Доналд Трамп раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида рӯзи 12-уми сентябр ба ин мақом пешниҳод кард ва номзадии ӯ расман рӯзи 7-уми январ тасдиқ шудааст.Марк Поммершайм аз соли 2015 то соли 2018 муовини сафири Амрико дар Қазоқистон буд. Аз ин пештар дар вазорати умури хориҷии Амрико ба ҳайси як дипломати баландпоя дар умури Қафқоз ва Авруосиё кор кардааст.Ӯ собиқаи хабарнигорӣ ҳам дорад ва дар дафтари телевизиони Си Эн Эн дар Русия кор кардааст. Соҳиби зан ва се фарзанд аст. Ӯ ҷойгузини хонум Элизабет Миллард шуд, ки ӯ баъди анҷоми масъулиятҳояш соли 2018 Тоҷикистонро тарк кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *