Саховатпешаи солро интихоб намоед!

Шумо метавонед дар номинатсияи “Саховатпешаи сол — 2021” як нафарро интихоб намоед ва ба ӯ овоз диҳед. Дар номинатсияҳои дигар ҳам ҳуқуқи ба як нафарӣ овоз додан доред.

Маҳмудҷон МУРОДОВ, роҳбари ширкати “Сарманзил”

Номи соҳибкори саховатпеша ва роҳбари ширкати “Сарманзил”, вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе Ҳоҷӣ Маҳмудҷон дар соли 2021 низ борҳо расонаӣ ва машҳуртар гардид. Ӯ, ки соли гузашта оилаҳои ниёзмандро бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин намуда буд, имсол ҳам чанд манзили истиқоматӣ туҳфа кард.

Пас аз нашри навори “Зиндагии 17 нафар дар як хона” аз рӯзгори вазнини оилаи Исматовҳо, ки 5 фарзанди дорои маъюбият доранд ва дар ҳуҷраи танги як хобгоҳ зиндагӣ мекарданд, соҳибкори саховатпеша барояшон манзили зист туҳфа намуд. Манзили нави Исматовҳо аз 5 ҳуҷра ва ҳавлии калон иборат буда, бо тамоми ҷиҳози рӯзгор, аз қабили қолину парда, телевизор, яхдон, мошинаи ҷомашӯйӣ, дастгоҳи хӯрокпазӣ ва косаву табақ таъмин карда шудаанд. Соҳибкор ҳатто маҳсулоти хӯроквориро ба монанди орду равған, биринҷу шакар, картошкаву пиёз ва ғайра барои ин оила захира намудааст.

Ҳамчунин, Маҳмудҷон барои се узви ин оила, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доштанд, чиптаи ҳавопаймо харид, то онҳо ба назди фарзандонашон баргарданд. Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов бо амалҳои хайрхоҳонааш аллакай дар байни мардум машҳуру маҳбуб гаштааст. Қаблан бо харҷи маблағи калон мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятими пойтахтро низ таъмир карда буд. Овози шумо ба ҷонибдории Маҳмудҷон Муродов дастгирии саховатпешагӣ миёни соҳибкорон аст!

Исмоили МУҲАММАДЗОИР, соҳибкор

Исми Исмоили Муҳаммадзоир замоне вирди забони омма шуд, ки ба хонаводаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд дасти кумак дароз кард. Аз ҷумла, ба хонаводаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ миқдори зиёди маводи ғизоӣ: орду равған, картошкаву биринҷ кумак намуд. Ин офат, ки ба 167 оила зарар расонд, дар натиҷа 15 хона ва 100 гектар замин пурра вайрон шуданд.

Исмоили Муҳаммадзоир 22-сола аст. Аз падараш Муҳаммадзоир Соҳибов низ ҳамчун яке аз соҳибкорони муваффақ ва хайрхоҳ ном бурда мешавад. Исмоили Муҳаммадзоир пештар ба чанд оилаи ниёзманди тоҷик дасти сахо дароз кардааст. Аз ҷумла, ба ду оилаи зодаи шаҳри Турсунзода, ки дар шароити вазнин зиндагӣ доштанд, хона туҳфа карда буд. Муҳаррама Очилова ва духтараш аз ин пештар дар як фермаи чорво, дар шароити хеле сахт зиндагӣ мекарданд. Сомонаи оila.tj аз зиндагии пуразобу пурмоҷарои сокини деҳаи Файзободи шаҳри Турсунзода Муҳаррам Очилова видеое омода карда буд. Гуфта мешуд, ки Муҳаррам Очилова ва духтари 24-солааш чандин сол боз дар як фермаи чорводорӣ дар байни мору каждумҳо умр ба сар мебаранд ва соҳибони ферма ҳар рӯз онҳоро дашному таҳқир карда, аз фермаҳояшон рондан мехостанд. Аммо ба рӯи онҳо бахт хандид ва бо кумаки Исмоил соҳиби манзили истиқоматӣ бо тамоми шароит шуданд. Овози шумо ба ҷонибдории Исмоили Маҳмадзоир дастгирии саховатпешагон дар Тоҷикистон аст!

Раҳим БОБОҶОНОВ, соҳибкор

Соҳибкори шинохтаи тоҷик Раҳим Бобоҷонов бо номи Раҳими Ғармӣ низ маъруф аст. Ӯ соли 2021 баъди як суҳбат оид ба солҳои аввали кори пурмашаққаташ дар Русия дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Бобоҷонов корашро дӯст медорад ва муҳаббаташ ба кор ва риштаи фаъолияташ ба ӯ шӯҳрат ва маъруфият овардаанд. Соҳибкор бо рӯзноманигоре қиссаи гурбачаеро нақл кардааст, ки аз паси қапидани думаш мешавад. Вале ҳарчанд зиёд талош меварзад ин  кор барояш муяссар намегардад. Ӯ давидани баъзеҳоро аз паси пул ба амали гурба ташбеҳ медиҳад ва ба онон машварат медиҳад, ки дар талоши кор бошанд, пул аз паси онҳо чун думи гурба медавад.

Байти ҳамеша вирди забони Раҳим Бобоҷонов байти зерини Абӯабдулоҳи Рӯдакист:

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

 Имрӯзҳо мардум ҷавонмардии худи ӯро дар амал мушоҳида мекунанд. Ба замми он, ки кумакҳои мавсуф ба муҳоҷирон ва роҳ сохтанаш дар ноҳияҳои Варзобу Рашт зиёд сари забонҳо буд, ёрмандияш ба варзишгарон ӯро боз машҳуртар кард. Овози шумо ба ҷонибдории Раҳим Бобоҷонов дастгирии саховатпешагӣ ва ҷавонмардист!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

42 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *