Бонкири солро интихоб намоед!

Шумо метавонед дар номинатсияи “Бонкири сол-2021” як нафарро интихоб намоед ва ба ӯ овоз диҳед. Дар номинатсияҳои дигар ҳам ҳуқуқи ба як нафарӣ овоз додан доред.

Абдулло ҚУРБОНОВ, ҳаммуассиси “Алиф Бонк”

Абдулло Қурбонов 17-уми сентябри соли 1985 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 2002 Литсейи тоҷикӣ-туркии Душанберо хатм кардааст. Соли 2008 Донишгоҳи Босфори Туркияро бо ихтисоси менеҷмент хатм ва ду сол дар магистратураи Донишгоҳи иқтисодии Лондон таҳсил кард. Пас аз таҳсил як муддат дар Британияи Кабир ва Муғулистон ба ҳайси таҳлилгари Бонки UBS фаъолият дошт. Солҳои 2012-2014 муовини раиси «Ориёнбонк» буд. Соли 2014 бо чанд нафари дигар муассисаи молии «Алиф Сармоя» — ро ташкил кард ва аз он сол мудири он мебошад. Муассисаи мазкур яке аз муассисаҳои фаъоли кишвар ба ҳисоб рафта, дар соли 2021 як қатор дастовардҳои назаррас дошт. Аз ҷумла, моҳи май аз сохтори молиявию технологии IFC ва ширкати Private Equity баҳри беҳтар кардани дастрасӣ ба хизматрасонии рақамии молиявӣ барои аҳолӣ ба миқдори 10 млн доллар сармоягузорӣ ҷалб намуд. Моҳи июл шумораи мизоҷони фаъолаш ба 500 000 расид. 17-уми август ширкати худ — ТАҚҲ “Алиф Капитал”-ро дар Русия боз кард. 8-уми сентябр дар ҷаласаи солонаи Гуруҳи Бонки Исломии Рушд ҳамроҳ бо 5 ширкати хориҷа сазовори ҷоизаи ICD’s Global Finnovation Award 2020 гардид. Ба тарафдории Абдулло Қурбонов овоз диҳед ва рушди бонки муваффақро дар Тоҷикистон дастгирӣ намоед!

Сироҷиддин ИКРОМӢ, раиси БДА «Амонатбонк«

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», ки бонки мардумӣ ба шумор меравад, дар замони раисии Сироҷиддин Икромӣ боз ҳам мардумитар гардид. Яке аз дастовардҳои мардуми тоҷик ин буд, ки Сироҷиддин Икромӣ солҳои 2020-2021 дар Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай нафари роҳбарикунанда таъин шуд. Ин тасмим дар ҷаласаи XVI Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай, ки бо ташаббуси Корпоратсияи давлатии рушди «ВЭБ» Федератсияи Россия онлайн баргузор шуд, гирифта шуд. Санаи 29-уми ноябри соли ҷорӣ гурҳи кории БДА ҶТ «Амонатбонк» ба бинои марказии ҶСО «Сбербанк России» ташриф оварда, бо муовини Раиси Раёсати ҶСО «Сбербанк России» Попов Анатолий Леонидович «Созишнома оид ба ҳамкорӣ»-ро ба имзо расониданд. Дар рафти мулоқот роҳбарияти БДА ҶТ «Амонатбонк» ва ҶСО «Сбербанк Россия» масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти табодули таҷриба, татбиқи технологияҳои муосири рақамӣ дар фаъолияти ҳаррӯза, тарҳрезӣ ва амалисозии маҳсулоти бонкӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар доираи лоиҳаи «Миллион муҳоҷир» бо иштироки Ҷамъияти саҳомии оммавии «Сбербанк Россия» ва баҳрагирӣ аз хизматрасониҳои экосистемаи Сбербанкро мавриди баррасӣ қарор доданд. Овози шумо барои ғолибияти Сироҷиддин Икромӣ дар озмун ҳалкунанда аст!

Илҳом АБДУЛЛОЕВ, раиси Шӯрои нозирони ҶСП ТАҚХ «Ҳумо»

ТАХ ҶСП «Ҳумо» чандин сол аст, ки дар бозори молиявии Тоҷикистон фаъолият карда, яке аз ташкилотҳои қарзии хурди пешқадам ба ҳисоб меравад. То имрӯз ташкилоти мазкур дар сохтори худ тағйироту дигаргуниҳои зиёд ворид кардааст, ки дар ин корҳо саҳми раиси Шӯрои нозирони он Илҳом Абдуллоев назаррас аст. Ташкилот нахуст аз Ташкилоти Қарзии Хурди «Ҳумо ва партнёрҳо» ба Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди «Ҳумо» мубаддал гашт. 1-уми ноябри соли 2013 аз тарафи Бонки Миллии ҶТ ба ТАҚХ «Ҳумо» барои амалӣ намудани фаъолияти амонатӣ иҷозатнома дода шуд. Бояд гуфт, ки моҳи ноябри соли 2004 дар «CARE Tajikistan» оид ба «номи беҳтарин» барои ташкилоти молиявии таъсисшаванда озмун эълон шуда буд ва аз рӯи ҷамъбасти озмун номи «Ҳумо» интихоб шуд. Фаъолияти ташкилот бо рамзи афсонавии парандаи достонзеби Ҳумо муттаҳид мебошад.

Ҳумо парандаи афсонавиест, ки ранги заррин дорад — рамзи офтоб, таҷаддуд ва ният. Аз рӯи ривоят, парандаи Ҳумо аз болои шахсе парида гузарад, ба ӯ хушбахтӣ меорад. Ҳамзамон, таъкид кардан зарур аст, ки то имрӯз ТАХ ҶСП «Ҳумо» мавқеи кори худро васеътар намуда, дар 25 ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва шаҳрҳои Душанбе, Кӯлобу Бохтар аҳолии камбизоатро бо хизматрасониҳои молиявии хурди дастрас таъмин намудааст. Яъне, метавон гуфт, ки “Ҳумо” воқеан ба мардуми зиёд муаррифӣ гаштаву барои онҳо хушбахтӣ оварда истодааст. Илҳом Абдуллоевро респондентҳо баргузиданд. Ғолибияти ӯ марбут ба овоз ва шарҳу тафсири шумост!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

109 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *