Саидзода раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб шуд
Ҷамшед Саидзода раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон интихоб шудааст. Ӯ бо фармони Президенти кишвар 11-уми январи соли 2022 аз вазифаи раиси ноҳияи Ёвон озод шуда буд.
Имрӯз, 18-уми январ дар конфронси ҳисоботӣ-интихоботии XIV-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз вазифааш озод шуда, ба ҷой ӯ Ҷамшед Саидзода раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб карда шудааст.
Дар шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон конфронси ҳисоботӣ-интихоботии XIV-уми ҲХДТ баргузор гардида, дар он Азизӣ Абдуҷаббор, муовини аввали раиси ҲХДТ ва Давлаталӣ Саид, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон иштирок доштанд.
Машраби АЛОВИДДИН
Шарҳ