Сарбози НАТО ба Фариштаи Фурайдон ошиқ шуд

 Ҷек Луарди амрикоӣ, ки айни ҳол дар Афғонистон адои хизмат мекунад, баъди тамошои сомонаҳо ошиқи сарояндаи тоҷик Фариштаи Фурайдон гаштааст.

Ҷанговари амрикоӣ ба хотири ба даст овардани дили ин бонуи тоҷик омода аст дини исломро қабул карда, барои Фаришта дар маркази шаҳр хона харад ва тӯйи бошукуҳе ороста, ӯро расман ба занӣ бигирад. Ҷек Луард 35 сол дошта, шаҳрванди Амрико аст ва муддати 5 сол боз дар НАТО ба ҳайси сарбоз кор мекунад. Мавсуф клипи нави Фариштаи Фурайдонро дар сомонаи ЮТУБ тамошо карда, волаю шайдои ин тоҷикдухтар гаштааст ва мехоҳад бо риояи тамоми расму русуми тоҷикӣ бо ӯ оила барпо намояд. Ҳафтаномаи “Оила”  ин мавзӯъро пайгирӣ намуда, рӯзҳои наздик тафсилоти ишқи ҷавонмарди амрикоиро аз забони худи Фариштаи Фурайдон пешкаши хонандагон хоҳад кард.
Р. Азимӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *