Сарвазир барои рафъи пайомадҳои сел ба Кӯлоб рафт

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода барои шиносоӣ бо вазъи селу обхезӣ ва рафти корҳои бартарафсозӣ ба шаҳри Кӯлоб сафар кардааст.

Ӯ ба масъулон супориш додааст, ки дар кӯтоҳтарин мӯҳлат оқибатҳои офати табииро бартараф намуда, ба сокинони зарардида кӯмакҳои фаврӣ расонанд.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи боронҳои шадиди шаби 1 май дар бархе маҳаллаҳои Кӯлоб обхезӣ ба амал омада, тибқи маълумоти расмӣ се нафар ҷон бохта, се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳамчунин ба манзилҳои шаҳрвандон ва бархе иншооти иҷтимоӣ зарар расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *