«Бозиҳои қисмат» – нашри китоби навбатии Холиқназар Ҷумъазода
«Бозиҳои қисмат». Чунин ном дорад, китоби навбатиии Холиқназар Ҷумъазода, ки дар зери таҳрири шоири ширинкалому шӯридадил Салим Зарафшонфар ва бо пешгуфтори нависандаи пурмаҳсулу соҳибном ва соҳибэҳтиром устод Зариф Ғулом дар чопхонаи «Балоғат» рӯи чоп омад.
«Бозиҳои қисмат» аз ду ҳикоя ва ҳашт қиссаҳои моҷароӣ (детективӣ) иборат буда, бештар ба мавзуи ҳаёти оилавӣ, мушкилоти зиндагии ҳамсарон, муаммову фоҷиаҳои хонадорӣ ва часпу талошҳои қаҳрамонони китоб бобати ҳифзи номи неку хонаи обод бахшида шудааст.
Аксар вақт ҷанҷолҳои оилавӣ боиси вайроншавии хонаводаҳо гашта, ин пеш аз ҳама ба фарзандони ноболиғ зиён мерасонад. Муаллиф дар ҳикояҳо ва қиссаҳои «Бозиҳои қисмат» кӯшиш кардааст, ки ба ин масъалаи ҳаётӣ бо андешаи тоза муроҷиат намуда, ба хонандаи хушфаҳм роҳу воситаи беҳтарини ҳалли масъалаҳои оиладориву тарбияи фарзанд ва пос доштани номи неки волидонро нишон диҳад.
Бахше аз қиссаҳо ба фаъолияти ҷодугарону фолбинони қалоб бахшида шуда, хонандаро водор ба он мекунад, ки аз чунин ашхос дур бошанд ва ба доми фиреби ин қабил инсонҳо наафтанд.
Қиссаҳои ин китоб гуногунанд, аммо ҳамаашон дар як нуқта ба ҳам мерасанд: инсон; шарофат ё разолати инсонӣ, – инсон бо ҳама заъфу қувваташ, бо ҷасорату тарсаш, бо мардонагиву хиёнаташ.
Дар ин саҳифаҳо хонанда бо нафароне рӯ ба рӯ мешавад, ки рӯ ба рӯйи имтиҳони тақдир рост меистанд, нархи ҳақиқатро мепардозанд ва бо беадолатӣ созиш намекунанд. Ҳамзамон, чеҳраҳое низ ҳастанд, ки суханбозӣ мекунанд, фиреб медиҳанд, барои қонеъ кардани нафси ҳайвонӣ ба ҳама қабоҳат қодиранд ва дар паси ниқоб мехоҳанд разолаташонро пинҳон созанд.
«Бозиҳои қисмат» ба такрор талқин менамояд, ки ҳар бозӣ дер ё зуд анҷом меёбад, ҳар асрори нуҳуфта рӯзе ҳатман фош мешавад, ҳар ҷинояти нокушуда замоне кушода мешавад. Бадкор дар ниҳоят ба ҷазои аъмолаш мерасаду инсони нек бар подоши некиҳояш соҳиби иззату эҳтиром мегардад.
Агарчӣ муаллифро хонанда чун нависандаи ҳаҷвнавис мешиносад, вале таҳлили китоби «Бозиҳои қисмат» нишон медиҳад, ки адиб дар навиштани мавзӯъҳои ҷиддӣ низ, ки бо чолишҳои ҳунарии жанри моҷарономаҳо тасвир шудаанд, хеле муваффақ аст.
«Бозиҳои қисмат» китоби 5-уми Холиқназар Ҷумъазода буда, то имрӯз асарҳои дигари ӯ аз қабили «Парандаҳои муҳоҷир», «Биё, ки фолат бинам», «Ашкҳои зери борон» ва «Хандасарой» пешкаши хонандагон гардидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ