Симои ноҳияи Кӯшониён ба куллӣ тағйир ёфтааст
Кӯшониён яке аз ноҳияҳои калонтарин дар вилояти Хатлон буда, беш аз 262 ҳазор аҳолӣ дорад. Дар замони соҳбистиқлолии Тоҷикистон ноҳияи Кӯшониён бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати сокинону масъулон хеле ободу зебо гардидааст. Бо эъмори биноҳои баланди маъмурию истиқомотӣ, таҷдиди роҳҳои мошингард ва фароҳам кардани гулгашту маконҳои фароғатӣ симои ноҳияи Кӯшониён ба куллӣ тағйир ёфтааст.
Хуршед Ҳайдарзода, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён дар суҳбат бо рӯзномаи “Тоҷикистон” гуфт, ки барои иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2022 таҳти рақами АП-188 оид ба омодагии ҳамаҷониба ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён нақша-чорабинӣ таҳия ва қабул гардидааст.

Ӯ мегӯяд, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида то сентябри соли 2026 сохтмон, таъмир ва азнавсозии 392 иншооти таъиноти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар назар аст. То имрӯз 342 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода шудааст, ки 87 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
– Ба хотири боз ҳам беҳтар кардани шароити таълиму тарбия, ба ғайр аз бино ва синфхонаҳои иловагӣ бунёди се муассисаи таълимии муосир дар назар аст. Ҳамчунин аз лиҳози соҳаи афзалиятнок будани маориф, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сохтмони 19 муассисаи томактабӣ пешбинӣ гардидааст, ки баъди иҷрои корҳои сохтмонӣ фарогирии кӯдакон ба кӯдакистон ба таври назаррас баланд бардошта хоҳад шуд,- таъкид кард вай.
Хуршед Ҳайдарзода мегӯяд, ки дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён ба хотири таъмини сифатнокии хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам кардани шароити боз ҳам хубтар барои сокинон бунёди 36 бунгоҳ ва маркази саломатӣ дар нақша аст.

Дар доираи панҷсолаи рушди саноат, таъмини сокинон бо ҷойи кори муносиб ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ дар ноҳияи Кӯшониён сохтмони 12 коргоҳу корхонаи гуногуни саноатӣ дар назар гирифта шудааст. Бо зиёд гардидани боғу токзор ва ба содирот омода кардани маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, ҳамчунин бештар гардидани талабот, бунёди 2 сардхонаи муосиру замонавӣ дар нақша аст. 2 адад фермаи парандапарварӣ, 2 адад сардхона, 2 адад гармхона, 1 боғи фарҳангӣ, 3 адад сартарошхона, 69 адад синфхонаҳои иловагӣ, 4 адад сехи хурди дӯзандагӣ, 1 корхонаи коркарди қуму шағал, 1 адад корхонаи мевахушккунӣ, 1 адад корхонаи нассоҷӣ, 1 адад сехи хурди хиштҳои сементӣ, 1 адад корхонаи хурди коркарди маҳсулот аз офтобпараст, 1 корхонаи коркарди меваю сабзавот, 1 адад коргоҳи консерваю сабзавот, 2 адад сардхона, 137 адад мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум, марказҳои хизматрасонӣ ва дигар хизматрасониҳо, 2 адад майдончаҳои варзишӣ, 1 адад майдони варзишӣ, 2 адад дорухона, (72 адад) 31280 метр таъмири роҳҳо, 3 адад таъмири пулҳо, 11 адад шинонидани трансформаторҳо, 4200 метр чароғонкунӣ ва иваз намудани симчӯбҳо, 4 адад биноҳои баландошёна, 4 адад таъмири капиталии бинои боғчаҳои кӯдакона ва 6 адад таъмири капиталии биноҳои муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то соли 2026-ум зиёда аз 1205 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар соли 2025 тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардида дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аз он ҷумла дар ҷамоати шаҳраки Бохтариён 11 адад ба нақша гирифта шуда, аз ин 13 адади он дар асоси қарори раиси ноҳия ба истифода дода шудааст, ки 118 фоизи кор иҷро карда шудааст, дар ҷамоати деҳоти Заргар 51 адад ба нақша гирифта шуда, 60 адади он ба истифода дода шудааст, ки 117 фоизи кор иҷро шудааст, дар ҷамоати шаҳраки И. Сомони 10 адад ба нақша гирифта шуда, 7 адад ба истифода дода шудааст, ки 70 фоиз иҷро шудааст, дар ҷамоати деҳоти С. Истиқлол 27 адад ба нақша гирифта шуда, 29 адад ба истифода дода шудааст, ки 107 фоиз иҷро шудааст, дар ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа 16 адад ба нақша гирифта шуда, 15 адад ба истифода дода шудааст, ки 94 фоиз иҷро шудааст, дар ҷамоати деҳоти Меҳнатобод 27 адад ба нақша гирифта шуда, 13 адад ба истифода дода шуда, 48 фоиз иҷро шудааст, дар ҷамоати деҳоти Навбаҳор 17 адад ба нақша гирифта шудаву 19 адад ба истифода дода шуда, 111 фоиз иҷро шудааст, дар ҷамоати деҳоти Ориён 2 адад ба нақша гирифта шуда, 5 адад ба истифода дода шудааст, ки 250 фоиз иҷро шудааст.
Тибқи нақша-чорабинӣ то имрӯз 161 адади бинову иншоот мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки 100 фоизи корҳо иҷро гардида, 15 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Лозим ба қайд аст, ки дар соли 2026 тибқи нақшаи тасдиқшуда 80 адад бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки 22 адади он то ба ин дам ба истифода дода шуда, 27,5%-ро ташкил медиҳад.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ