Созтарошӣ. Кӣ ин ҳунарро идома медиҳад?
Навохтани асбобҳои миллии тоҷикӣ худ санъату маҳорати волост, вале сохтани ин созҳо боз дунёи дигарест, ки маҳорат ва садоқат талаб мекунад. Дар асри ХIХ то охири солҳои 80-уми асри ХХ дар Муъминобод авлоду сулолаи усто Исмоил бо думбраю доира ва таблаксозӣ шуҳрати хоса дошт.
Дар ин авлод устоҳои маҳсию чоруқ, мӯзадузӣ низ будааст. Баъдтар ҳунару касби онҳоро Усто Ганҷал, Искандар Баҳромов, Файзулло Солеҳов, Усто Афзал Давлатов идомаи нек доданд. Торҳои сохтаи Файзулло Солеҳов аз деҳаи Сармайдон то ба дасти ҳофизони номӣ Одина Ҳошим, Зафар Нозим, ҳунарпешагони Озарбойҷону Ӯзбекистон расида буд, вале имрӯз касабаи онҳоро касе идома намедиҳад. Чун шогирдони шоистаю пайвандгари наслҳо пайдо нашуданд.
Дигар аз чунин созтарошон зодаи деҳаи Чашмаи Гули Муъминобод усто Абдураҳмон Муродови 96-сола аст ва ҳоло муқими ноҳияи Восест. 45 сол боз ӯ дутору думбра, тор, сетор, ғиҷак, рубоб метарошад ва маҳсули дасти пурэъҷози ин марди ҳунар осорхонаи шаҳри Лос-Анҷелоси Амрикоро зиннат медиҳад. Баъд бобои Пиракӣ Бурёбоф аз қамишҳо тутику най омода мекард. Дар деҳаи Ҷаллоқ ба мисли ӯ устои тутику найсоз Ҳасани маст машҳур буданд.
Аз деҳаи Ҳанатарош бобои Зард таблаку дойра месохт. Аз деҳаи Тутқавул момаи Марҷон бо дойрасозию таблаксозӣ вирди забонҳо гашта буданд. Яке аз сокинони маркази ноҳияи Муъминобод Чилла Давлатов номгӯи зиёди созҳои зарбию ромишгариро сохта, ба ҳаводоронаш медод. Имрӯз кори ӯро усто Пираҳмад идома медиҳад. Имрӯз Ҳусейни Ҷамол, Абдураҳмони Тилло, усто Валихон ҳам созандагони думра, рубоб, дойра, таблак, тутиканд.
Дар гузашта дар Кӯлоби бостону достон устоҳои зиёде буданд, ки онҳо аҳён-аҳён ёд мешаванд. Кори онҳоро имрӯз танҳо усто Нодир, Ҷалол аз шаҳри Кӯлоб, Сайидисломи усто Ғулом аз ноҳияи Ховалинг, усто Пираҳмад, усто Валихон аз Муъминобод, усто Бег ва Шариф Қурбонов аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин пеш мебаранд. Ба қавле ин гуна ҳунарварони созтарош ками андар кам мондаанд.
Чизи дигаре, ки боиси ташвиш аст, аз истифода баромадани танбӯр, сато, баландмақом, баландзиком, авлос, барбат, говдум, дабдаба, даф, зангбор, қошуқ ва дигар созҳои зарбию нафасист, ки барои эҳёву истифодаи онҳо на танҳо устоҳо, балки ҳунарварон низ заруранд.
Нурулло ҲАСАНОВ,
рӯзноманигор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ