Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба оқибатҳои сел дар шаҳри Кӯлоб изҳори ҳамдардӣ кард
Шаби гузашта, 1-уми май дар чанде аз шаҳру ноҳияҳои кишвар, махсусан, дар шаҳри Кӯлоб дар натиҷаи боришоти зиёди борон сел омада, бар асари он 3 кас ба ҳалокат расида, 3 тани дигар дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои фавтидагон изҳори ҳамдардӣ карда, ба сарвазири мамлакат, раиси вилояти Хатлон ва Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода дастур дод, ки фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, барои расонидани кумак ба оилаҳои зарардида ва ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Pressa.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ