Мактаби зиндагӣ. Ё гузаре аз бозори Гулистони шаҳри Хуҷанд
Дар канори Хуҷанд, дар мавзеи маъруфи Гулистон бозоре фаъолият мекунад, ки онро на танҳо макони дарёфти кор, балки як мактаби воқеии зиндагӣ номидан мумкин аст. Ин бозори коргарон солҳо боз барои садҳо донишҷӯ ҳамчун манбаи умед, таҷриба ва такягоҳи иҷтимоӣ хизмат мекунад.
Ҳар субҳ, пеш аз оғози дарсҳо, донишҷӯён дар ин ҷо ҷамъ меоянд. Онҳо бо вуҷуди машғулиятҳои таълимӣ, барои дарёфти ризқу рӯзӣ ва сабук кардани бори оила кӯшиш менамоянд. Барои онҳо ин макон танҳо ҷойи корёбӣ нест, ин ҷо онҳо бо воқеияти зиндагӣ рӯ ба рӯ мешаванд, сахтиҳоро эҳсос мекунанд ва дарси мустақилият меомӯзанд.
Дар рӯзҳои истироҳат, донишҷӯён ба ин бозор омада, кор ҷустуҷӯ мекунанд ва тавассути меҳнати якрӯза ё чандсоата хароҷоти ҳафтаина ва эҳтиёҷоти рӯзмарраи худро таъмин менамоянд. Ин таҷриба барои онҳо ҳам манбаи даромад ва ҳам дарси муҳими зиндагист.
Тасаввур кунед, як донишҷӯ субҳ ба дарс меравад, баъд аз дарс ба бозори коргарон меояд ва то шом ба корҳои гуногун машғул мешавад. Шояд ӯ орзу дорад омӯзгор, муҳандис ё табиб шавад, аммо имрӯз ӯ бо меҳнати дастӣ зиндагии худро пеш мебарад. Ин гуна таҷрибаҳо на танҳо ӯро ҷисман, балки маънаван низ қавӣ мегардонанд.
Чунончи гуфтаанд: «Меҳнат роҳи ягонаи расидан ба комёбӣ аст».

Аҳамияти иҷтимоии ин бозор боз ҳам равшан мегардад, вақте мебинем, ки он дар наздикии Бозори Панҷшанбе ҷойгир аст. Дар як тараф хариду фурӯши молу маҳсулот, дар тарафи дигар “фурӯши нерӯи меҳнат” сурат мегирад.
Ин манзара на танҳо як воқеияти иқтисодӣ, балки оинаи равшани зиндагии ҷомеа мебошад.
Яке аз ҷиҳатҳои мусбати бозори коргарони Гулистон дар он аст, ки барои коргарон шароити нисбатан муносиб фароҳам оварда шудааст. Дар ин ҷо курсиҳо барои нишасти коргарон насб гардидаанд, ки барои эшон имконият медиҳад, то ин ки дар вақти бекорӣ ё номусоидии ҳаво дар як ҷо нишаста, мунтазири пайдо шудани кор бошанд. Ин ҳолат махсусан дар фаслҳои боронӣ ё сардии ҳаво аҳамияти калон дорад, зеро коргаронро аз беҷо мондан дар кӯчаҳо эмин медорад.
Ҷолиб он аст, ки талабот ба коргарон дар ин макон танҳо ба соатҳои субҳ маҳдуд намешавад. Ҳатто то бегоҳ шаҳрвандон ба ин ҷо омада, коргар меҷӯянд. Ин нишон медиҳад, ки бозори коргарони Гулистон дар низоми ғайрирасмии бозори меҳнат нақши муҳим дорад ва як пул миёни корфармо ва корҷӯ мебошад.
Рӯзона коргарон вобаста ба намуди кор аз тақрибан 50 сомонӣ то 200-300 сомонӣ даромад ба даст меоранд. Онҳо ин маблағро барои таъмини оила, хароҷоти рӯзмарра ва эҳтиёҷоти ҳафтаинаи худ истифода мебаранд, ки барои бисёре аз онҳо манбаи муҳими зиндагӣ ба ҳисоб меравад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бисёре аз донишҷӯёне, ки давраи таҳсил ва ҳаёти донишҷӯии худро дар бозори Гулистон бо меҳнат пайваста гузаронидаанд, имрӯз дар соҳаҳои гуногуни кишвар фаъолият менамоянд. Онҳо дар вазифаҳои гуногун кор карда, барои ободии Ватан аз сидқи дил саҳм мегузоранд.
Чунончи гуфтаанд: «Онҳо на танҳо илм омӯхтанд, балки таҷрибаи зиндагӣ, одамгарӣ ва касбро низ аз худ карданд».
Хулоса, метавон гуфт, ки бозори коргарони Гулистони Хуҷанд як падидаи одӣ нест. Он мактаби зиндагист, ки дар он донишҷӯён обутоб меёбанд, иродаашон қавӣ мегардад ва ба қадри зиндагӣ мерасанд. Барои садҳо донишҷӯ, ин ҷо танҳо як бозор нест – ин зинаи аввалини расидан ба орзуҳои бузург аст.
Эҳром РАҶАБОВ,
деҳаи Қалъаи Баланди шаҳри Истаравшан
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ