Шоири тарғибгари сулҳу дӯстӣ 115-сола шуд (видео)

115 сол пеш, 2 майи соли 1911, шоири ватанпарвар, мубориз ва тарғибгари сулҳу дӯстӣ, собиқ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ба дунё омадааст.

Мирзо Турсунзода борҳо ба кишварҳои хориҷӣ сафар намуда, дар роҳи таҳкими сулҳу дӯстии мамлакатҳои Ғарб ва Шарқ хизматҳои арзанда анҷом додааст.

Нависандагони номвар, аз ҷумла Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, Аминҷон Шукӯҳӣ, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва даҳҳои дигар аз дастпарварони мактаби адабии ӯ ба ҳисоб мераванд.

Фаъолияти эҷодии шоир аз солҳои 1930 оғоз ёфтааст. Аввалин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи «Байрақи зафар» ба нашр расида, баъдан даҳҳо маҷмӯаи шеър ва достонҳои ӯ чоп шудаанд.

Соли 1960 Ҳукумати шӯравӣ хизматҳои барҷастаи ӯро ба назар гирифта, барои достони «Ҳасани аробакаш» ва силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» бо Ҷоизаи Ленинӣ сарфароз гардонидааст. Ҳамчунин, соли 1964 барои достони «Ҷони ширин» ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ мушарраф гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *