Амонатбонк дар фестивали “Саводнокии молиявӣ” фаъолона иштирок кард
Имрӯз, 1 май бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фестивали ҷумҳуриявии “Саводнокии молиявӣ” баргузор гардид. Чорабинӣ бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ ва густариши истифодаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ доир шуда, таваҷҷуҳи зиёди иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд.
Дар ин ҳамоиши муҳими иқтисодӣ ҳайати Амонатбонк низ фаъолона ширкат варзида, хизматрасониҳо ва маҳсулоти муосири бонкиро муаррифӣ карданд.
Мутахассисони бонк ба меҳмонон роҳу усулҳои дурусти истифодаи хизматрасониҳои молиявӣ, бартариҳои пардохтҳои ғайринақдӣ ва имкониятҳои рақамии бонкдориро шарҳ доданд.




Фестивал майдони муколамаи озод байни намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои молиявию суғуртавӣ, соҳибкорон ва ҷавонон гардид. Хонандагону донишҷӯён тавонистанд дониши худро дар самти идоракунии маблағ, сарфа ва сармоягузорӣ ғанӣ гардонанд.




Дар қисмати аввали чорабинӣ роҳбарият ва коршиносони Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин намояндагони дигар сохторҳо дар мавзуъҳои калидии рушди низоми молиявӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо ва таъмини шаффофияти молиявӣ баромад намуданд.
Гуфта мешавад, чунин ташаббусҳо дар доираи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” роҳандозӣ гардида, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисоди миллӣ аҳамияти калон доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ