Мулоқоти Муфтии Тоҷикистон бо наваскарону марзбонон
Муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода бо наваскарон ва хизматчиёни қӯшунҳои сарҳадӣ мулоқот анҷом дод.
Дар ин бора Шурои уламои Тоҷикистон хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ муфтии кишвар ба хизматчиёни ҷавон ҷиҳати иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ тавсияҳо дода, таъкид намудааст, ки ахлоқи ҳамида, ростқавлӣ, сабру таҳаммул ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва динӣ бояд роҳнамои фаъолияти онҳо бошад.
Ҳамчунин, зикр шудааст, ки чунин мулоқотҳо барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ ва масъулияти хизматчиёни ҳарбӣ мусоидат мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ