Таъини муовинони нав дар Абдураҳмони Ҷомӣ ва Восеъ
Назокат Қосимӣ муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Фарзона Неъматзода муовини раиси ноҳияи Восеъ таъин гардиданд.
Таъини ду кадри тозатаъин 1 майи соли равон дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонсурат гирифтааст. Муовини навтаъин сарпарасти масъалаҳои иҷтимоӣ мебошанд.
Назокат Қосимӣ то расидан ба вазифаи муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ҳамин ноҳия буд.
Фарзона Неъматзода ҳам чанд вақти охир Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ