Боздошти се нафар бо гумони авбошӣ дар Хуҷанд

Кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд се сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ ва дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт карданд.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, боздоштшудагон Ҷамшед Алиматов, соли таваллудаш 2007, Ҷаъфар Махсумов, соли таваллудаш 2004 ва ноболиғ Марям Холматова соли таваллудаш 2010 мебошанд.

Зимни санҷиш муайян шудааст, ки онҳо шаби 29 апрел, тахминан соати 04:00, дар назди як бинои истиқоматӣ дар маҳаллаи 33-и шаҳр байни ҳам муноқиша карда, баъдан якдигарро мавриди латукӯб қарор додаанд.

Дар натиҷа тартиботи ҷамъиятӣ вайрон гардида, оромии сокинон халалдор шудааст. Вобаста ба ҳодисаи мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *