Қурбони Собир: Ба ман ҳам ҳақ диҳед… (видео)
Қурбони Собир – Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва иҷрокунандаи нақши Абдураҳмони Ҷомӣ дар филми муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” ҳафтаи равон меҳмони барномаи “РӮ ба РӮ”-и ютуб-канали Pressa.tj буд. Фишурдаи суҳбати эшонро манзури шумо мегардонем.
Тоҷгузории миллат
– Қабл аз он ки ба суҳбат оед, гуфтед, ки дар нахустнамоиши спектакли нави Театри Лоҳутӣ ҳастед. Он чӣ намоиш буд ва оё шумо дар он нақш бозӣ мекунед?
– Намоиш “Тоҷгузории миллат” ном дорад ва кори нави Театри Лоҳутӣ аст. Намоиш ба қалами Бароти Абдураҳмон тааллуқ дорад ва дар коргардонии Султон Усмонов – саркоргардони театр ба саҳна гузошта шудааст. Қариб кулли мардҳои театр дар ин намоиш банд буданд. Ман ҳам аз хонаводаи Саффориҳо бародари Яъқуби Лайсро бозӣ мекардам, вале нақши ман дар муҳтавои намоиш нағунҷид ва маро озод карданд. Ва имрӯз ман намоишро ҳамчун тамошобин дидам. Бад набуд. Бачаҳо заҳмати зиёд кашидаанд. Чанд рӯзи оянда он пешкаши тамошобин мегардад.
– Яъне тамошобин метавонад симои Исмоили Сомониро бо камолу ҷамол дар саҳна бубинад?
– Ин намоиш дар бораи хонадони Сомонӣ аст ва албатта, Амир Исмоил низ дар меҳвари он қарор дорад.
– Дар бораи театр ва камбудиву дастоварди он зиёд мегӯем. Айни замон дар театри шумо кадом намоише ҳаст, ки дидани он бисёр муҳим аст?
– Намоишҳое, ки ман бозӣ мекунам, арзиши диданро доранд. Аз ҷумла “Фирдавсӣ” аз рӯйи асари устод Сотим Улуғзода ва “Хунхори Торросӣ” бо қалами Азиз Несин – нависандаи турк. Коргардони ҳар ду намоиш Султон Усмонов аст.
Ду нақш дар як филм
– Шумо дар филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон “Дурхаши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” нақши Абдураҳмони Ҷомиро иҷро кардед. Чӣ эҳсос доштед вақте либоси Ҷомиро ба бар кардед?
– Э вой. Ин чӣ ифтихоре аст, ки ҳадду ҳудуд надорад…

– Аз саҳифаи коргардони филм огоҳ шудам, ки танзими филм ба анҷом расидааст. Чӣ интизорӣ доред?
– Ман ҳам дар ҳолати як бинандае қарор дорам, ки интизор аст филмро бубинад. Наворгирӣ чизи дигар аст ва бадбахтона, мо ҳунармандон намедонем, ки чӣ мешавад. Коргардон кадом саҳнаро мебурад ва кадомеро мемонад. Ман ҳам вақте хабардор шудам, ки танзими филм тамом шудааст, ба Файзуллои Файз – коргардони тоҷикистонии филм занг задам ва табрик карда, пурсидам, ки саҳнаи Ҷомиву Навоӣ дар биёбон ба филм ворид шудааст ё не?
Ин саҳнае аст, ки ду нафар аз ҳамроҳони Ҷомӣ ва Навоӣ дар биёбон бо ҳам меҷанганд ва нохост аз гиребони яке салиби насронӣ меафтад. Ӯро гунаҳгор мекунанд, ки “шпион” аст. Ҳамин вақт Ҷомиву Навоӣ вориди майдон мешаванд ва Мавлоно мегӯяд, ки “ин нафар агар салиб ҳам дорад, аҳли насоро аст, инсон аст, набояд ӯро латукӯб кард…”.
Вақте ҳамин саҳна сабт мешуд, офтоб ҳамин замон бояд ғуруб мекард. Мо тамрин накарда будем, вале лаҳзаро ҳам набояд аз даст медодем. Бе тамрин мо ин саҳнаро сабт кардем. Хеле мушкил буд, зеро он ду нафаре, ки бо ҳам меҷанганд, бо забони ӯзбекӣ суҳбат мекунанд, Навоӣ ҳам ӯзбекӣ суҳбат мекунад. Ман бошам, забони ӯзбекиро намедонам… Бисёр вақт чунин саҳнаҳои саросемаро коргардон ҳазф мекунад, вале Файзулло гуфт, ки ин саҳна ворид шудааст ба филм. Дилам ором шуд.
– Забони сабти филм чӣ тавр буд?
– Ҳар актёр, ки тоҷик бошад, тоҷикӣ ва ӯзбек бошад, ӯзбекӣ суҳбат мекард.
– Ин душвор нест?
– Ин таҷрибаи роиҷ дар тамоми дунё аст.
– Наметавонам дар мавриди интихоби шумо дар нақши Абдураҳмони Ҷомӣ суол надиҳам. Чун шумо аз ними филм ворид шудед ва қаблан дар ин нақш Маҳмадсаид Шоҳиён интихоб шуда буд.
– Ростӣ аз ин гапҳо гурехта намешавад, гарчанде дили одам намехоҳад, ки дар ин мавзуъ суҳбат кунад. Ман аз ними филм ворид нашудаам. Дар оғоз ман ҳам барои иҷрои нақши Ҷомӣ тест дода будам. Дар байн чӣ гап шуд, намедонам, вале эълон карданд, ки ба ман нақши Узунҳасан ном шоҳи Астарободро додаанд. Албатта ман барои нақши Ҷомӣ умедвор будам, зеро корҳои то ин вақт кардаам, махсусан бозидани нақши Фирдавсӣ ба ман ҳақ медод, ки интизори ин нақш бошам. Вале вақте эълон шуд ва ман дидам, ки нақши Узунҳасан ҳам бад нест, ҳарфе нагуфтам. Корро сар кардем. 5-7 рӯз дар Душанбе саҳнаҳои маро сабт кардем ва ман ба Теҳрон рафтам.
– Барои иҷрои ягон нақш рафтед?
– Не, банда Капитани дастаи футболи ҳунармандон ва блогерони Тоҷикистон ҳастам. Мо дар Теҳрон бозӣ доштем бо ҳунармандон ва блогерони эронӣ. Он вақт вазъият хуб буд. Дар ҳамин шабу рӯз ба ман занг заданд ва гуфтанд, ки ҳарчи зудтар баргардед. Чун ба Душанбе расидам, Маҳмадсаид Шоҳиён ба ман занг зад, вазъиятро фаҳмонд ва гуфт, ки рӯзи дигар ба Хуҷанд бояд равам барои сабти филм. Худаш бо мошинаш маро бурд, ба бачаҳо муаррифӣ кард ва мо хушу хурсандона корро сар кардем. Ин ҳарфҳоро ба он хотир мегӯям, ки дар байни мо нофаҳмӣ ва чизи дигаре набуд. Ҳамин тавр, ман корро сар кардам.
– Рӯзи аввали сабт чӣ гуна сипарӣ шуд?
– Хеле бад буд. Ман наметавонистам ворид шавам. Саҳнаеро сабт кардем, ки Мавлоно Ҷомӣ баъди дидани хобҳои бад бедор мешуд. Гӯё хеле осон, вале ман одат намекардам. Вақте сабт тамом шуд, аз наворбардори тошкандӣ, ки Диёр ном дорад ва бо ҳам дӯст шуда будем, пурсидам, ки корам чӣ хел буд? Ӯ гуфт, ки мехоҳӣ “комплимент” кунам ё ҳақиқатро гӯям? Гуфтам, ҳақро гӯ. Гуфт, ки бад буд. Ман хеле миннатдор шудам. Рассоми филм Тоҳирро гуфтам, ки бароям китобҳои Мавлоно Ҷомӣ ва ҳар адабиёте дар бораи ӯ ҳаст, пайдо кун. Ӯ ҳам китобҳоро пайдо кард. Аз рӯзи дигар ман ҳам мехондам ва ҳам нақш бозӣ мекардам. Ду-се рӯз гузашту Диёр гуфт, ки корат олӣ аст…
– Нақши Узунҳасанро кӣ бозӣ кард?
– Гуфтан мумкин аст, ки ман бо Маҳмадсаид нақшҳоямонро иваз кардем.
Баҳси “Хусури ман”
– Вақтҳои охир бо синамогарони эронӣ, рус, ӯзбек ва чинӣ ҳамкорӣ доред. Дар муқоиса бо синамогарони мо чӣ фарқиятҳо мавҷуд аст?
– Ҷавоби ман мусбат аст. Бахусус баъди филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” назари ман дигар шуд. Чун барномарезии бачаҳои мо хуб буд, дар муқоиса ба чиниҳо. Дар Чин як саҳнаро ҳамагӣ як маротиба сабт мекунанд ва 14 камера баробар сабт мекунанд. Агар ҳунарманд ҳарфашро фаромӯш кунад, ду қадам ақиб мемонад ва аз нав такрор мекунад. Ист кардан, аз нав сабт кардан нест. Онҳо вақтро сарфа мекунанд. Ин корро эрониҳо ҳам мекунанд. Ҳамсояҳои ӯзбекистонии мо нурпардозиашон хуб аст. Солҳои охир бачаҳои мо ҳам талош мекунанд, ки ба сатҳи лозимӣ бирасанд ва инро ман эҳсос мекунам.
– Дар бораи сатҳ гуфтед ва як суол ба зеҳнам омад. Шумо дар як филми ютубӣ, ки “Хусури ман” ном дорад, нақш мебозед. Бисёре аз аҳли ҳунар мегӯянд, ки чунин филмҳо дар сатҳи Қурбони Собир нест…
– Ба худам ҳам мегӯянд. Ва шояд то дараҷае ҳақ бошанд. Вале ба ман ҳам ҳақ диҳед. Ҳунарманд ҳам зиндагӣ дорад. Мо дӯкон надорем ва аз ҷойи дигаре даромад намегирем. Ниёзҳои зиндагӣ моро водор мекунад. Дигар ин ки, камбудиҳои “Хусури ман” аз он ҷост, ки хеле таъҷилӣ рӯйи навор меояд, зеро мардум онро интизорӣ мекашанд…
– Аз миллин нафар бештар тамошо мекунанд…
– Дар як рӯз чанд миллион нафар тамошо мекунанд.
Мусоҳиб: Одил НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ