Як миллиони Турсунзода ба Исфара. Хотираи чаҳор дидор бо устод

Ба муносибати 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода

Банда дар давоми умри худ чаҳор маротиба шарафёб шудаам, ки бо абармарди майдони назми оламгири тоҷик, чеҳраи дурахшон, дорандаи чандин ҷоизаҳои ватаниву байналхалқӣ, устод Мирзо Турсунзода вохӯрдаву суханҳои ширину гуворо ва зарофатомезашонро шунавам.

Бори нахуст

Бинокорони “Қайроққум”

Соли 1955, ҳангоми ба истифода дода шудани НОБ-и “Қайроққум”, ки он вақт моён муҳассилини соли аввали Институти педагогии ш. Ленинобод ба номи С. М. Киров будем, устод суханронӣ карда, бинокоронро бо шеъре табрик намуда буданд, ки мисраъҳои зерини он дар хотирам нақш бастаанд:

Бидидам, пеши назар дарёи Сир омад,

Намуди дилфиреби боғҳои беназир омад…

Дил омад баҳри табрики бинокорони Қайроққум…

Бори дувум

Гилаи Ғаффор Мирзо

Соли 1956 дар маҷлисгоҳи Кумитаи вилоятии Ҳизби коммунист, ки он ҷо шоирону нависандагон Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Муҳиддин Аминзода, Ҳоҷӣ Содиқ, Ғаффор Мирзо ва дигарон Мирзо Турсунзодаро ҳамроҳӣ мекарданд. Ба хотир дорам, вақте сухан ба Ғаффор Мирзо дода шуд, ӯ гуфт:

– Агар дар магазинҳои нонфурӯшӣ нон ба фурӯш рафтаву нон ёфт нашавад, мардум зиқ мешаванд, вале агар дар магазинҳои китобфурӯшӣ асарҳои шоир ва нависанда пайдо нашавад, он адиб хурсанд мешавад, ки мухлисонаш зиёд будаанд. Имрӯз, вақте мо аз магазинҳои китобфурӯшӣ дидан кардем, аз асарҳои Турсунзодаву Улуғзода ва Раҳим Ҷалилу Муҳиддин Аминзода нишонае набуд ва эшон хеле хурсанд шуданду ман хеле ғамгину дилтанг. Китобҳои ман дар рафҳо хов… Хонандаҳои Ленинобод асарҳои мара намехондиян…

Дар паҳлуи ман ҳамсинфу ҳамкурсам, баъдан олими намоён Саъдуллохон Наимбоев менишаст, ки аксар шеъру достонҳои Мирзо Турсунзода ва достонҳои Ғаффор Мирзо, бахусус “Асрор”-ро, ки ҳамон шабу рӯз чоп шуда буд, азёд медонист. Ӯ дам назада хомӯш менишаст, зеро хеле хоксору шармгин буд. Бо исрор хоҳиш намудам, ки ҷавобан ба ин баромади Ғаффор Мирзо ба минбар баромада, аз эҷодиёти ӯ ва Мирзо Турсунзода шеъре қироат намояд, вале ӯ занҷири шарму ҳаёро ҳеҷ раҳо намекард. Барои далериву ҷасорат бахшидан ба ӯ худ ба саҳна баромада, порае аз достони “Асрор” ва як шери бачагонаи шоир “Гунҷишкак”-ро қироат намудам. Пас, Саъдуллохон ҳам ба минбар баромада, аз достони навэҷоди Мирзо Турсунзода “Садои Осиё” ва ду достони Ғаффор Мирзо порчаҳо хонда дод. Ғаффор Мирзо аз ҷой бархоста, назди минбар омаду Саъдуллохонро оғӯш намуда, “илоҳо барака ёбед!” гуфт ва намедонист чӣ гуна хурсандиашро баён намояду маълум буд, ки аз баромади худаш дар хиҷолат аст.

Бори савум

Якта пояш дар Ҷанубу якта пояш дар Шимол

Агар хато накунам, моҳи марти соли 1957 бояд бошад. Гурӯҳи калони адибону санъаткорон пас аз иштирок дар Даҳаи адабиёт ва санъати халқи тоҷик аз Ӯзбекистон бармегаштанд. Ин вохӯрии фаромӯшнопазир дар толори факултаи забонҳои хориҷии донишгоҳ баргузор шуда буд. Дар саҳна устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Сотим Улуғзода, Абдусалом Деҳотӣ, Раҳим Ҷалил, Атахон Сайфуллоев ва чанде дигарон.

Суханронии олим ва шоири бузург Абдусалом Деҳотӣ, самимияти эшон нисбат ба ҳозирин – донишҷӯён ҳаргиз аз лавҳи хотирам дур намеравад. Гуфтанд: “Мо дар хурдсолӣ медидем, ки чӣ хел самолётҳо аз болои кӯҳҳо хеле баланд парвоз мекунанд. Сабабашро мегуфтанд, ки агар паст парвоз кунанд, оҳанрабои кӯҳ самолётро ба худ мекашидааст. Вале то ин дам надидаем ва нашунидаем, ки оҳанрабои кӯҳ ягон самолётро кашида бошад. Аммо вақте мо аз Тошканд сӯйи Душанбе парвоз мекардему аз болои шаҳри Ленинобод мегузаштем, меҳри шумоён – хонандагони азиз самолёти моро бо чунон қувваи бузург ба худ кашид, ки ночор ба замин фуруд омадем ва инак мо дар ҳузури шумо. Маълум мешавад, ки меҳри шумо – хонандагони гиромӣ аз қувваи оҳанрабо ҳам зӯртар будааст. (Кафкӯбиҳои пурмавҷ…).

Пас, ҳозиринро муариффӣ карда, риштаи суханро ба Устод Мирзо Турсунзода дода, рубоии зеринро қироат карданд:

Якта пояш дар Ҷанубу Якта пояш дар Шимол,

Гаҳ ба Мағриб, гаҳ ба Машриқ мекушояд парру бол.

Ҳамчу мурғи сулҳ мепарад ҷавлон зада,

«Икки дунё бир қадамдир энди Мирзо олдида».

Устод Мирзо Турсунзода аз таассуроти худ, аз сафари Ҷумҳурии

Ӯзбекистон, дӯстии халқҳо суханҳои ҷолиб гуфтанд ва шеърҳои «Оҳанрабо» ва «Бозгашт»-ро аз силсилашеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон»

хонда доданд. Савти шеърхонӣ, овози марғуладори устод то ҳол дар гӯшҳоям садо медиҳанд:

Чун ниҳодам пои худро бар сари хоки Ватан,

Борҳо бӯсидам аз рухсораи поки Ватан.

Хешро мебинам акнун боз дар оғӯши ӯ,

Боз мехонам суруди тозае бар гӯши ӯ.

Бори чаҳорум

Хушгӯйиҳои Боқӣ Раҳимзода

Вохӯрӣ дар Кохи фарҳанги кимиёгарони ш. Исфара, рӯзи 25-уми майи соли 1977 ба амал омад. Шоири ширинсухан ва зарофатгӯй Боқӣ Раҳимзода устодро ҳамроҳӣ мекарданд.

Устод Мирзо Турсунзода ин дафъа ба назар хеле хастаю мондашуда мерасиданд ва осори заҳмату талошҳои зиёд дар роҳи сулҳу ваҳдат, ягонагии халқҳо ва ташвишҳо баҳри озодии миллатҳои мазлум осон набуд. «Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре» гуфтанҳои шоир дар чеҳраи эшон бараъло ҳувайдо буд. Бо вуҷуди ҳамаи ин зиндадилу хушсуҳбат ва булбулнаво буданд.

«Ман фарзанди Исфара ҳастам, як сол мешавад, ки бо шумоён дидорбинӣ накардаам, вале дер омада бошам ҳам, шер омадам ва бо дасти холӣ наомадам, ана ин 1 миллион чек барои равнақи шаҳри азизам» гӯён, онро ба директори онвақтаи заводи чароғҳои рӯшноидиҳанда Ҷаббор Расулов супориданд. (Ин як миллион, тасаввур кунед, он вақт андак-мундак маблағ набуд…).

Ин лаҳза як рубоии ҳанӯз ба шарафи 50-солагии зодрӯзи устод соли 1961 эҷодкардаам ба хотир расид:

Хушбахт касе, ки гирди олам гардад,

Бар аҳли ҷаҳон чун ту мукаррам гардад.

Раҳ дар дили софи халқи дунё ёфта,

Монандаи ту азизу аъзам гардад…

Сухан ба шоири хушбаён, устод Боқӣ Рахимзода дода шуд. Эшон ба минбар баромадан ҳамон пайкари азимҷусса ва чеҳраи

пуртабассуми он касро дида, аҳли толор ба завқ омаданд. (Хушҳолӣ дар толор). Ҳама нигарони он будем, ки чӣ мегуфта бошанд.

– Ба Конибодом омадем,- сухан оғоз карданд Боқӣ Раҳимзода,- Мирзо гуфт, ки ман фарзанди Исфара, ба он ҷо меравам. Гуфтам, ки ман ҳам меравам. Мирзо гуфт, ки Исфара макони париҳо, о, ту як ҳайкали безеб дорӣ, мисли дев, он ҷо ту чӣ кор мекунӣ? Ман гуфтам, агар ман дев бошаму он ҷо париҳо, пас ман ҳам ҳатман меравам. Зеро халқ мегӯяд «Ҳар ҷо, ки паривашест, деве бо ӯст». (Хушҳолӣ дар толор…). Ин лаҳза як рубоии устод Лоҳутӣ ба ёдам омад:

Ҳар ҷо, ки дар миён Боқӣ бошад,

Дилро зи чаҳон на ғам, на боке бошад.

Расо чор моҳ сипарӣ шуд аз ин дидорбинӣ бо шахсони муътабар

ва шоҳсутунҳои назми оламгири тоҷик. Хабари шуме ба гӯш расид: рӯзи 24-уми сентябри соли 1977 дили пур аз меҳри Мирзо Турсунзода аз задан бозмонд…

Бо алам ва ҳасрати ҷонгудоз аз забони Восифии бузургвор гуфтам:

Дареғу дард аз ин мардумон, ки хок шуданд,

Ба теғи марг ҷигаррешу синачок шуданд…

Бобо ТӮЙЧИЗОДА,

собиқадори меҳнат, Аълочии маориф ва илми ҶТ, узви ИЖТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *