Се ҷавони мошиндузд

 Се нафар ҷавонони 19, 20 ва 22 — солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуданд. Гумонбаршудагон, 2-юми апрели соли 2017 автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106”-ро, ки ба марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шарораи ноҳияи Ҳисор тааллуқ дорад ва дар кӯчаи Машъали шаҳри Душанбе гузошта шуда буд, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд.

Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *