Се футболбози тоҷик дар даҳгонаи беҳтарин легионерҳои Русия

Сомонаи «Чемпионат” дар даҳгонаи беҳтарин легионерҳои Осиёи Марказӣ дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Русия се дастпарвари футболи тоҷик – Игор Черевченко, Рашид Раҳимов ва Мӯҳсин Муҳаммадиевро шомил кардааст.

Сомонаи русии «Чемпионат”даҳгонаи беҳтарин легионерҳои Осиёи Марказӣ дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Русияро тартиб додааст. Дар ин даҳгона 4 нафар аз Узбекистон, 3 нафар аз Тоҷикистон, 2 нафар аз Қазоқистон ва як нафар аз футболи Туркманистон интихоб шудаанд.

«Чемпионат” Мирҷалол Қосимов аз Узбекистонро, ки дар байни мухлисон бо лақаби «Марадонаи узбек” маъруф буд, дар ин даҳгона дар ҷои аввал гузошта, беҳтарин легонери Осиёи Марказӣ дар футболи Русия номаш бурдааст. Мирҷалол Қосимов дар ҳайъати «Алания”-и Владикавказ ва «Криля Советов”-и Самара дар маҷмӯъ 174 маротиба ба майдон баромада, 39 гол задааст.

Вале сабаби асосии шӯҳрати ӯ, албатта, ҳунарнамоӣ дар ҳайъати тилоии «Алания” ба раҳбарии Валерий Газзаев дар ибтидои солҳои 90 буд, ки ин тим тавонист монополияи бошгоҳҳои Маскав ба мақоми қаҳрамониро шикаста, ду дафъа қаҳрамони футболи Русия шавад. Аз ҷумла бо шарофати бозии «Марадонаи узбек.”

«Чемпионат” ҷои дувуми даҳгонаи беҳтарин легионерҳои Осиёи Марказиро ба Владимир Нидергаус, ҳамлагари шӯҳратёри дастаи «Ротор”-и Волгоград ва тими миллии Қазоқистон дода, дар мақоми сеюм Владимир Хомуха аз Туркманистонро гузоштааст.

Дар мақоми чоруми ин даҳгона Рашид Раҳимов, дастпарвари «Помир”-и Душанбе ҷой гирифтаст. «Чемпионат” менависад, Рашид Раҳимов, ки дар Душанбе бо лақаби «Садди Искандарӣ” маъруф буд, дар чемпионати Русия ҳамагӣ 40 бор ба майдон баромад, вале тавонист ду дафъа дар ҳайъати «Спартак” унвони қаҳрамонӣ ва дар соли 1992 Ҷоми Иттиҳоди Шӯравиро ба даст биорад.

Бино ба навиштаи «Чемпионат”, «Рашид Раҳимов сахт бозӣ мекард ва хеле зиёд кортҳои зард мегирифт, вале дар айни замон як нафари хеле зиёӣ ва босаводе буд, ки 7 забонро медонад. Ин сифатҳо ҳоло ба ӯ дар фаъолияташ ҳамчун мураббӣ кумак мекунанд.”

Рашид Раҳимов баъди тарки бозӣ муррабии футбол шуд ва тимҳои «Локомотив”-и Маскав, «Амкар”-и Пермро машқ дода ва ҳоло сармураббии дастаи «Терек”-и Грозний мебошад.

Дар мақоми панҷуми даҳгонаи «Чемпионат” Одил Ахмедов аз Узбекистон меояд ва дар ду ҷои баъдии 6 ва 7-ум «Чемпионат” боз дастпарварони футболи тоҷик Игор Черевченко ва Мӯҳсин Муҳаммадиевро гузоштааст.

Игор Черевченко, писари капитани маъруфи «Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко, дар ҳайъати «Локомотив”-и Маскав ду дафъа нишони нуқра ва 4 дафъа Ҷоми Русияро ба даст овард ва ду навбат дар рӯйхати 33 бозигари беҳтарини соли Русия роҳ ёфт. «Чемпионат” менависад, «магар голи дар Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо ба дарвозаи «Реал”-и Мадрид задаи Черевченкоро ҳам метавон фаромӯш кард?”

То як соли пеш Игор Черевченко сармураббии «Локомотив” буд ва ҳоло дастаи «Балтика”-и Калининградро машқ медиҳад.

Аммо Мӯҳсин Муҳаммадиев дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Русия 152 бор ба майдон баромада, 44 гол задааст. Муҳаммадиев ҳамин тавр, ҳамагӣ як дафъа дар ҳайъати тими миллии Русия бозӣ карда, тавонистааст дар ин бозӣ низ гол бизанад. «Чемпионат” Мӯҳсин Муҳаммадиевро як футболбози нодир номидааст.

«Чемпионат” дар се мақоми охирини даҳгонаи беҳтарин легионерҳои Осиёи Марказӣ дар футболи Русия Сергей Тимофеев аз Қазоқистон ва Виталий Денисов ва Андрей Фёдоров аз Узбекистонро ҷой додааст.

Аммо шӯҳрати футболи Осиёи Марказӣ дар Русия зоҳиран имрӯз ба гунае нест, ки дар солҳои 90 буд. Аз ин даҳгонаи беҳтарин легионерҳо низ аксараш дар солҳои 80 ва 90 бозӣ мекарданд ва кайҳо бутсиҳои худро ба девор овехтаанд. Аз ин даҳгона имрӯз танҳо Виталий Денисов то ҳол дар «Локомотив” ба майдон мебарояд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.