Наврўз бимонед….

Наврўз бимонед, ки айём шумоед!

Оғоз шумоеду саранҷом шумоед!

Он субҳи нахустини баҳорӣ, ки зи шодӣ,

Меоварад аз чилчила пайғом, шумоед!

Он дашти тароватзада, он ҷангали ҳушёр,

Он гунбади гардандаи ором шумоед!

Хуршед гар аз боми фалак ишқ фишонад,

Хуршед шумо, ишқ шумо, бом шумоед!

Наврўзи кўҳансол куҷо ғайри шумо буд?

Устураи Ҷамшеду Ҷаму Ҷом шумоед!

Ишқ аз нафаси гарми шумо тоза кунад ҷон,

Афсонаи Баҳрому Гуландом шумоед!

Ҳам оинаи меҳру ҳам оташкадаи ишқ,

Ҳам соиқаи хашми баҳангом шумоед!

Имрўз агар мечамад иблис, ғаме нест,

Дар фанни камин ҳавсалаи дом шумоед!

Гирам, ки саҳар рафтаву шаб дуру дароз аст,

Дар  кўчаи хомўши замон, гом шумоед!

Айём зи дидори шумоянд муборак,

Наврўз бимонед, ки айём шумоед!

Мавлоно

نوروز بمانید

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *