Шаҳрванд муроҷиат кард, нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт баста шуд

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар заминаи муроҷиати як нафар шаҳрванд фаъолияти нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт қатъ карда шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, “як нафар сокини шаҳри Душанбе, истифодабарандаи фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри якчанд акс дар саҳифаи фейсбукии худ аз мақомоти дахлдор хоҳиш намуд, ки нисбати соҳибмулки нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт, воқеъ дар кӯчаи Роҳи нав чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои номбурда мизоҷони ин нуқтаи шустушӯ воситаҳои нақлиёти худро дар роҳи пиёдагард гузошта, монеъи ҳаракати шаҳрвандон мегарданд. Ҳамзамон ҳангоми шустушӯи воситаҳои нақлиёт обҳои он ба атроф ва роҳгузарон пош хӯрда, боиси озори шаҳрвандон мегардад”.

Гуфта мешавад, ки муроҷиати мазкур бевосита зери назорати роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиши ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Дар натиҷа муайян гардидааст, ки нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт, ки дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, кӯчаи Роҳи нав ҷойгир шудааст, ба шаҳрванд Ҳусейнов Юсуф Идрисович, соли таваллудаш 27.08.1973, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Гипрозем тааллуқ дорад.

— Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ (литсензия) фаъолияти худро ба роҳ монда, ҳамзамон ваҷҳҳои дар муроҷиати шаҳрванд зикр гардида тасдиқи худро ёфтанд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҳусейнов Юсуф барои бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ фаъолият намудан тибқи талаботи моддаи 510-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Сино ирсол карда шуд. Ҳамзамон, фаъолияти нуқтаи шустушӯи мазкур боздошта шуд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.