Санаи ҳаракати қатораҳо аз Тоҷикистон ба Русия муайян шуд

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки баъд аз даҳ рӯз ҳаракати қаторҳои мусофирбар аз шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Душанбе ба шаҳри Волгогради Русия оғоз мешавад.

Азим Иброҳим рӯзи 5-уми август зимни нишасти хабарӣ баён кард, ҳоло нархи чиптаҳо дақиқ нест ва сари ин масъала корҳо идома дошта, дар зудтарин фурсат маълум мегардад.

Вазир афзуд, ки ҳаракати қатораҳо 16 август аз шаҳри Кӯлоб, 27 август аз Душанбе ва 7 сентябр аз Хуҷанд ба шаҳри Волгогради Русия сурат мегирад.

Оғози ҳаракати қаторҳо миёни Тоҷикистону Русия барои садҳо муҳоҷир хабари хуш аст. Зеро ба хотири қиммат будани билети ҳавопаймо, муҳоҷирон метавонанд тавассути қатора ба Русия рафтуомад кунанд.

Ёдовар мешавем, ки охирин қаторае, ки аз Русия ба Тоҷикистон ҳаракат карда буд, моҳи марти соли 2020 буд. 16-уми марти ҳамон сол Русия ба далели ҳамагири COVID-19 ҳаракати қаторҳои мусофирбарро бо Тоҷикистон муваққатан қатъ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *