Шаҳбоз Кабиров – умре дар роҳи забон ва илми тоҷик (видео)

12 август зодрӯзи профессор Шаҳбоз Кабиров, забоншинос ва муҳаққиқи забони тоҷикӣ аст. Шаҳбоз Кабиров соли 1945 дар деҳаи Порвор, ҳоло ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба дунё омадааст.

Ӯ Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуда, фаъолияти илмиву омӯзгории худро ба таҳқиқ ва таълими забони тоҷикӣ бахшидааст.

Аз соли 1968 то соли 1992 дар кафедраи забони тоҷикии донишгоҳ ба ҳайси ассистент, муаллими калон ва дотсент фаъолият кардааст. Соли 1979 рисолаи номзадиро ҳимоя намуда, соли 1985 соҳиби унвони дотсент ва соли 2012 профессор гардидааст.

Профессор Шаҳбоз Кабиров муаллифи асарҳои илмӣ ва таълимии зиёде мебошад. «Таҳаввули забони адабии тоҷик дар даврони Истиқлол» ва «Луғати вожаҳои нав» аз ҷумлаи осори маъруфи ӯянд. Самти асосии пажӯҳишҳои донишманд масъалаҳои забони адабии тоҷик, таҳаввулу рушди забон ва забоншиносии тоҷикро фаро мегирад.

Забон ҳастии миллат аст.

Донишмандоне чун Шаҳбоз Кабиров бо фаъолияти пурсамари илмӣ ва омӯзгории худ дар ҳифз, таҳқиқ ва рушди забони тоҷикӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *