Додгоҳи Сурия Башор Асадро ғоибона ба ҳукми қатл маҳкум кард

Додгоҳи Сурия рӯзи сешанбе 11-уми август президенти собиқи ин кишвар Башор Асадро ғоибона ба ҳукми қатл маҳкум кард. Ӯ дар куштор, шиканҷа, боздоштҳои худсарона ва ҷиноятҳои зидди башарият дар давраи ҷанги шаҳрвандии Сурия гунаҳкор дониста шудааст.

Ба гузориши Reuters, ҳамроҳ бо Башор Асад ҷияни ӯ Атеф Наҷиб, раҳбари собиқи хадамоти амнияти сиёсӣ дар вилояти ҷанубии Дерра низ ба ҳукми қатл маҳкум шудааст. Наҷиб дар толори додгоҳ ҳузур дошт, дар ҳоле ки Асад, бародараш Моҳир ва чанд нафари дигари муттаҳамон ғоибона маҳкум шуданд.

Тибқи иттилои BBC, Наҷиб дар кушторҳо, аз ҷумла куштори кӯдакони то 15-сола, инчунин дар шиканҷаҳое, ки боиси марг шудаанд, гунаҳкор дониста шудааст. Ӯ ба саркӯби хушунатомези эътирозҳо дар Дерра дар соли 2011 муттаҳам мешуд. Маҳз ҳамин эътирозҳо оғози низои Сурия гардиданд, ки тақрибан 14 сол идома кард.

Башор Асад моҳи декабри соли 2024, пас аз он ки нерӯҳои мухолиф Димишқро тасарруф карда, ҳокимияти хонаводаи ӯро, ки беш аз 50 сол идома дошт, сарнагун карданд, аз Сурия хориҷ шуд. Ҳоло ӯ дар шаҳри Маскав қарор дорад. Мақомоти Сурия то ҳол хабар надодаанд, ки барои истирдоди ӯ чӣ гуна чораҳо андешиданӣ ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июл дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш бори аввал дар 17 соли охир аз Сурия боздид кард. Ӯ бо президенти Сурия Аҳмад аш-Шараъ мулоқот намуда, аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват кард, ки аз раванди барқарорсозии кишвар пуштибонӣ кунад. Гутерриш дар Димишқ ҳамчунин бо намояндагони ҳукумати нав ва ҷомеаи шаҳрвандӣ музокира анҷом дод.

Камолиддин Ҳаннонӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *