Таҳсили 225 донишҷӯйи хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара айни ҳол 225 донишҷӯйи хориҷӣ, ки бештарашон аз давлати ҳамсояи Ӯзбекистон ҳастанд, таҳсил доранд.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода хабар дод.

Ба гуфтаи ректор, соли равон донишгоҳ бо 6 муассисаи олӣ ва ташкилоти хориҷи кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи омӯзгории Шэняни Чин, Донишгоҳи Бинҳайи Синдаои Чин, Маркази ҳамкориҳои таҳсилоти олии Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Фонди байналмилалии омӯзиши забони чинӣ, Маркази байналмилалии ҳамкории забони чинӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *