Ҷазои волидон барои занозании ду духтари ноболиғ
Навори занозании ду духтари ноболиғ дар яке аз боғҳои Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, боиси вокуниши мақомоти милитсия гардид.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳодиса рӯзи 5 август дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Маҳатма Гандӣ рух додааст.
Ду духтар пас аз нофаҳмии лафзӣ бо ҳам ҷанҷол карда, ба якдигар даст бардоштаанд.
Пас аз санҷиши ҳолат як гурӯҳ наврасон аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шудаанд.
Нисбати волидони ноболиғон бо истинод ба моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Ин меъёр барои муносибати бемасъулиятона ба таълиму тарбияи фарзанд ҷавобгарӣ пешбинӣ мекунад.
Мақомоти милитсия бо наврасон суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, онҳоро аз оқибатҳои чунин рафтор огоҳ кардаанд.
Сабаби дақиқи муноқиша ва ҷузъиёти дигари қазия ҳанӯз расман шарҳ дода нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ