Шералӣ Ризоён: Ҳарбиёни Қирғизистонро ба Додгоҳи байналмилалӣ супорем…

Шоми 12-уми апрел дар байни деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Суғд ва деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Бодканд тирпарронӣ рӯй дод. Бар асари он як сарбози тоҷик захмӣ шудааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳодисаро ба таври расмӣ шарҳ надодаанд. Ҷониби Қирғизистон гуфтааст, ки як сарбозаш маҷруҳ шуда, сокинони чанд деҳа ба ҷои амн кӯчидаанд.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгари тоҷик Шералӣ Ризоён перомуни ин ҳодисаи нигаронкунанда дар саҳифаи фейсбукии хеш изҳори назар кард:

— Ҳодисае, ки чанд соат қабл дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқуъ пайваст, боиси нигаронии шадид аст.

Мисли ҳамеша мақомдорон ва расонаҳои кишвари ҳамсоя ҷониби моро гунаҳкор карданд. Аслан, таҳлили мавзуъ дар 10 соли охир нишон медиҳад, ки ҳамеша чунин будааст ва ҷониби худро мусичаи бегуноҳ нишон медиҳанд.

Чанд нуктае аст, ки мо бояд таваҷҷуҳ кунем:

1). Мисли соли гузашта, мақомдорони кишвари ҳамсоя изҳороти нигаронкунанда пахш мекарданд. Мисолаш ангезаи хариди паҳподҳо ва истифодаи он дар марз бо Тоҷикистон аст.

2). Мисли соли гузашта, машқи ҳарбӣ гузаронданд. Соли гузашта 1-3-юми апрели соли 2021 дар деҳаи Бужум буд, имсол бошад, 31-уми марти соли 2022 бо истифода аз паҳподҳо дар шаҳри Баликчи (вилояти Иссиқкӯл) баргузор шуд.

3). Мисли соли гузашта, гунаҳкоркунии якҷонибаи Тоҷикистон дар фазои иттилоотӣ васеъ ба роҳ монда шуд.

Рӯзи 10-уми апрел рӯзноманигор ва коршиноси масъалаи марз Неъматуллоҳ Мирсаидов се ёддошт дар бораи ҷанги иттилоотӣ, вазъи кунунии марз ва иқдомҳои якҷонибаю низобарангези ҳамсояҳо нашр карданд. Худи ин навиштаҳо собит мекунад, ки кӣ низоро меҳоҳад ва барои чӣ чунин шуда истодааст.

Низомикунии хати марз бо Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон чанд моҳ боз идома дошту дорад. Оё расонаҳо ва коршиносони он ҷониб инро дида метавонанд? Ҳамаи амалкарди ҳамсояҳо ба интиқомҷуӣ ва реваншизм рост меояд. Ба назарам, ин даъфа мо ба таври ҷиддӣ ва хунсардона ин ҳодиса ва тирпарронии моҳи мартро дар Чоркуҳ баррасӣ кунему ҳарбиёни Қирғизистонро ба Додгоҳи байналмилалӣ супорем. Аз набудани ҷазо барои кирдорашон аз худ рафтанд.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.