Соҳибкори солро интихоб намоед!

Шумо метавонед дар номинатсияи “Соҳибкори сол-2021” як нафарро интихоб намоед ва ба ӯ овоз диҳед. Дар номинатсияҳои дигар ҳам ҳуқуқи ба як нафарӣ овоз додан доред.

Саидмурод ДАВЛАТОВ, бизнес-тренер

Саидмурод Давлатов миёни мардуми Тоҷикистон асосан чанд соли охир маҳбубият пайдо кард. Видео-машваратҳои молиявӣ, таъсиси мактаби замонавии Оксфорд дар вилояти Суғд, ташкили “Хонаи китоб”, баргузории тренингҳо барои омода кардани соҳибкорони муваффақ аз иқдомҳоест, ки чеҳраи ӯро ҳамчун бизнес-тренер ва соҳибкор нишон медиҳад.

Саидмурод Давлатов муассиси ҶДММ “Витаминҳои Тоҷикистон” ва молики гармхонаи замонавии хоҷагии деҳқонии “Дӯстобод-2”-и деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен низ ҳаст. Дар ин гармхонаи замонавӣ асосан сабзавот парвариш карда мешавад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба вилояти Суғд ба раванди истифода аз усулҳои замонавӣ ва технологияи муосир дар ин гармхона таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ин иқдоми соҳибкори ватаниро намунаи ибрат ва дастгирӣ арзёбӣ кардаанд. Ин соҳибкори тоҷик дар доираи Тоҷикистон маҳдуд намешавад. Ӯро дар хориҷи кишвар ҳам хуб мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Мактаби соҳибкории Саидмурод Давлатов як зумра бизнесмен ва бизнеследиҳои тоҷикро ба майдони тиҷорат ва истеҳсолот овард, ки муваффақ будани худро дар амал собит сохтанд.

Овози шумо ба ҷонибдории Саидмурод Давлатов тарафдорӣ аз соҳибкории бонизом аст!

Муҳаммад МИРЗО, директори генералии «Авесто Гурӯҳ”

Муҳаммад Мирзо соҳибкори муваффақ дар шаҳри Душанбе дониста мешавад. Корхонаи обҳои ташнагишикан ва машруботи “Сиёма”, бузургтарин маркази хизматрасонӣва  савдои “Сиёма Мол” дар шаҳри Душанбе ва насби таҷҳизоти автобусу троллейбус барои истифодаи умум дар шаҳри Душанбе аз иқдомҳои муҳими ӯ ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла, корхонаи “Сиёма” имконият дорад, ки дар як сол ба ҳисоби як басти корӣ 33 миллион литр обро истеҳсолу ба харидорон пешниҳод намояд. Инчунин, машруботи дар ин корхона истеҳсолшаванда асосан барои содирот пешбинӣ шудааст.

Муҳаммад Мирзо аз ҷумлаи созмондиҳандагони сикли ширкатҳоест, ки дар дохили Тоҷикистон ва хориҷи он муваффақ будани худро собит кардааст. “Содирот” шиори ӯст! Ба тарафдории ӯ овоз диҳед ва истеҳсолот, тиҷорат ва содироти муваффақро дастгирӣ намоед!

Акбар ҒУЛОМОВ, директори корхонаи «Ғаюр семент»

Имрӯз Акбар Ғуломов яке аз соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зеро, ӯ тавонист бо бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли семент кишварро аз вобастагӣ ба воридот раҳоӣ бахшад. Акбар Ғуломовро бисёриҳо ҳамчун саховатманд низ мешиносанд. Дар дилхоҳ иду чорабиниҳо ба ниёзмандон дасти мадад дароз мекунад. Корхонаи «Хуаксин Ғаюр Семент», ки марбут ба соҳибкори муваффақ Акбар Ғуломов мебошад, барои пешгирӣ аз коронавирус ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 500 000 сомонӣ ҷудо намуд. Соли равон бошад, соҳибкор Акбар Ғуломов дар шаҳри Душанбе як мактаби замонавиро бо харҷи 42 миллион сомонӣ бунёд кард. Ҳама иқдоми ӯро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонданд. Агар соҳибкори муваффақи тоҷик Акбар Ғуломовро ҷонибдорӣ мекунед, пас ба ӯ овоз диҳед!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

28 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.