Сохтмони бинои нави мактаб дар деҳаи Марғедар оғоз шуд
Дар деҳаи Марғедари болои ҷамоати деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент барои бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 73 санги асос гузошта шуд. Дар он раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода иштирок кард.
Бинои нав аз се ошёна ва 17 синфхона иборат буда, барои фарогирии то 900 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Сохтмон бо саҳмгузории сокинон ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр амалӣ мешавад.
“Сокинон ин иқдомро шоиста арзёбӣ намуда, пешниҳод карданд, ки бинои ҳозираи мактаб пас аз анҷоми сохтмон ба кӯдакистон табдил дода шавад”,-иттилоъ доданд аз мақомоти шаҳри Панҷакент ба Pressa.tj.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ