Суғд: Раҳпаймоии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Субҳи имрӯз 24 ноябр, дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳпаймоии идона баргузор гардид.
Раҳпаймоии идона, ки дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ сурат гирифт, фазои идона ва руҳияи баланду ватандӯстонаи мардумро ба таври равшан инъикос намуд.

Дар ин раҳпаймоӣ беш аз 20 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногун – варзишгарон, донишҷӯёну хонандагон, омӯзгорон, аҳли зиё, кормандони соҳаҳои тандурустиву фарҳанг, инчунин занону ҷавонон фаъолона иштирок карданд.
Иштирокчиён Парчами давлатии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, шарафу номус ва арзиши муқаддаси миллат бо ифтихор барафрохта, муҳаббати худро ба Ватан иброз намуданд.
Бояд гуфт ки раҳпаймоии идона бори дигар собит намуд ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба рамзҳои миллӣ эҳтироми хос доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ