Марги 5 нафар дар ҳамлаи интиҳории Покистон
24-уми ноябр дар як ҳамлаи маргталабона ба қароргоҳи нерӯҳои низомии Покистон се нерӯҳои амниятӣ ва ду ҳамлагар кушта ва дастикам 12 нафар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад “Reuters” .
Посили Покистон ба “BBC – урду”-и гуфтааст, ки ҳамлагарон мусаллаҳ буда, ба идораи полиси федеролӣ дар шаҳри Пешовар дар шимолу ғарбии Покистон ҳамла кардааанд.
Ба гуфтаи шоҳидон ва расонаҳои маҳаллӣ тақрибан соати 8:10 ба вақти маҳаллӣ ду инфиҷори шадид шунида шуддаст. Айни замон минтақа муҳосира шуда, гурӯҳҳои наҷот фиристода шудааст.
Шаҳбоз Шариф нахуствазирӣ Покистон дар ин бора вокуниш нишон дода гуфтааст: “Бояд омилони ин ҳодиса ҳарчи зудтар шиносоӣ ва ба ҷавобгарӣ кашида шавад”.
То ба ҳол ягон гурӯҳ масъулияти ин амали интиҳориро бар дӯш нагирифтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ