Суғд:  1,4 ҳазор ҷиноятҳои коррупсионӣ ошкор шуд

Дар давоми соли 2017 ва 8 моҳи соли равон дар миқёси вилоят дар маҷмӯъ беш аз 1,4 ҳазор ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, ошкор карда шуда 358,2  млн. сомонӣ зарарҳои молиявӣ муайян карда шудааст.

Ин нуқтаро зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, ки дар он ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи мубориза бар зидди коррупсия ва “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дар давраи соли 2017 ва 8 моҳи соли 2018 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов зикр кард.

Аз ҷониби раиси Шӯро – прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов шахсони масъули сохторҳои марбута вазифадор карда шудаанд, ки  дар ҳамкорӣ баҳри ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта чораҳои қонунӣ андешанд. 

Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *