Суғд: Бақайдгирии оилаҳои ҷанҷолӣ

Мақомоти пулиси Суғд феҳраст ё рӯйхати, ба қавли онҳо, тақрибан чаҳорсад «оилаи ҷанҷолиро» сабт кардаанд. Онҳо гуфтанд, ки солҳои ахир хушунату ҷанҷолҳои хонаводагӣ дар минтақа афзуда ва гоҳе бо куштори якдигар меанҷомад. Ба таҳқиқи пулис, аз 35 ҳодисаи куштор дар соли гузашта – 16 мавридаш дар заминаи ҷанҷол ва хушунатҳои оилавӣ рух додааст.

Генерал Шариф Назарзода – сардори раёсати умури дохилии вилояти Суғд, рӯзи 10 мат гуфт, ки чунин хонаводаҳои “ноором”-ро мақомоти пулис ҳамроҳи намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва раҳбарони маҳаллаҳо пайдо ва сабтином кардаанд. Ӯ афзуд, “агар мо дар ҳамин самт кор кунем, тарғиботиву ташвиқот барем ва чораҳо биандешем, сатҳи ҷинояткорӣ, бахусус куштор, камтар хоҳад шуд.”

Ба гуфти номбурда, сабтиноми оилаҳои ҷанҷолӣ дар доираи амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ” роҳандозӣ шудааст, ки ҳоло давраи аввали он поён ёфтааст. Дар ин амалиёт 7 гурӯҳи кормандони пулис ва масъулони ҳукуматҳои маҳалливу сардорони маҳаллаҳо дар ба дари хонаи сокинон гашта, афрод ва оилаҳоро ба рӯйхат мегиранд, то ки минбаъд барои ислоҳи онҳо кор баранд.

Мақомоти пулис дар давоми ду ҳафта аз сокинон 145 арзу шикоят ҷиҳати ҳалли ҷанҷолу муноқиша ва хушунати оилавӣ ва баҳсҳои молу мулкӣ дастрас кардаанд ва ба баррасӣ гирифтаанд. Ҳамчунин, 164 ҳамсарони бо ҳам ҷанҷолиро оштӣ додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *