Суғд: Ғолибони «Чакомаи гесӯ» муайян шуданд

Шоҳҷоизаи фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ» дар даври вилоятӣ насиби Шукрона Файзуллоева гардид. Даври вилоятии фестивал 23 феврали соли 2019 дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Ба иттилои хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, инчунин аз рӯи баҳогузории ҳайати ҳакамон дар бахши «Ороиши мӯйбофии миллӣ» Шоҳсанам Юлдошева, Азиза Каримова, Дилрабо Ҷӯраева, дар бахши «Ороиши замонавии мӯйи бонувон» Фарзона Иброҳимова, Мунира Баҳромзода, Маҳина Дадобоева, дар бахши «Гесӯи дарозтарин» Масъуда Ҳикматова, Ирода Муродова, Райҳона Юсупова, дар бахши «Ҳусни таваҷҷуҳи тамошобин» Роҳат Ғайбуллоева, дар бахши «Ороиши мӯйи кӯдакона» Шаҳноза Қурбонзода, дар бахши «Беҳтарин рассом» Абдуқаюм Хокироев ва дар бахши «Ороиши бадеии мӯй» Фирӯза Иномҷонова ғолиб дониста шуданд.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ғолибони фестивалро табрик намуда, ба онҳо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро тақдим кард.

Мавриди зикр аст, ки Фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ» бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик, бахусус намоишу парвариши мӯй, ороишу пардози рӯй, ҳаракати мавзун, тарбияи муоширати духтарон, тарғибу ташвиқ ва эҳёи анъанаву маросимҳои миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, зулфандозӣ ва ҷамолакбандию кокулбофӣ гузаронида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *