Суғд: Зан ҳамсарашро корд зад

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 26-солаи сокини шаҳри Конибодомро ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.

Номбурда, санаи 16-уми майи соли 2018, тахминан соати 21:00-дақиқа, ҳангоми қарор доштан дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо шавҳараш, марди 27-сола ҷангу ҷанҷол намуда, бо мақсади қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба тарафи чапи қафаси синааш задааст.
Дар натиҷа, номбурда зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *