Судшуда боз дуздӣ кард

Шаҳрванд Ёқубов Амирхон Одилович, ки қаблан бо ҳукми Суди ноҳияи Ҷ.Расулов аз 4-уми майи соли 2017 барои содир намудани дуздии амволи ғайр ва қасдан несту нобуд кардани моликият бо моддаҳои 244 қисми 3 банди «а» ва 255 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 3 солу 6 моҳ маҳкум шуда буд, бо таъиноти Суди ноҳияи Ёвон аз 2-юми ноябри соли 2018 пеш аз муҳлати адои ҷазо нисбаташ ҷазои сабуктар, корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати 1 солу 10 моҳу 13 рӯз таъин карда шудааст.

Вале номбурда барои худ хулосаи зарурӣ набароварда, ба ҷои ислоҳ шудан, баъди ба ҷойи истиқомати доимиаш ноҳияи Ҷаббор Расулов баргаштан, ба аъмоли номатлуби худ идома дода, такроран санаи 22 январи соли 2019, тахминан соати 01:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ, бо мақсади дуздӣ, дари мағозаи шаҳрванд Раҷаматова З.Д., воқеъ кӯчаи Нурматови ноҳияи Ҷ.Расуловро шикаста, ғайриқонунӣ вориди он гашта, ба тариқи пинҳонӣ 300 сомонӣ нӯшокиҳои тамғаи «Ягуар», «Тигр», «Страйк», шоколадҳои «Алпинголд», кулчақандҳои қаннодӣ ва дигар молу маҳсулотро ба маблағи умумии 1200 сомонӣ тасарруф намуда, ба соҳибмулк зарари моддӣ расонида, аз ҷои ходиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов шаҳрванд Ёқубов А.О. бо “изи гарм” дастгир карда шуда, нисбаташ тафтиши парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои “а ва г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, идома дорад.

ВКД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *