Супориши нави раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, давоми се моҳи охир барои ҷилавгирӣ аз пинҳонкунии андозҳо ва дарёфти даромади иловагӣ барои давлат бори дуюм супориш додааст, ки тамоми ҳисобкунакҳои фурӯши сӯзишворӣ муҳрбандӣ шаванд.

Тибқи дастури такрории Давлатзода, ки нусхаи он дастраси мо шуд, мақомоти маҳаллии андоз вазифадоранд, нишондиҳандаи ҳисобкунакҳои нуқтаҳои сӯзишвориро ҳар моҳ қайд кунанд ва онро муҳр зананд. Раиси Кумитаи андоз аз он изҳори нигаронӣ кардааст, супорише, ки моҳи март дар ин маврид содир кард, аз ҷониби тобеин пурра иҷро нагардидааст: “Танҳо мақомоти андози шаҳри Душанбе ва қисман навоҳии вилояти Суғд ин супоришро иҷро карданд. Масъулини андози вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ нисбат ба ин масъала хунукназарӣ намуданд”.

Раиси Кумитаи андоз таъкид намудааст, ки дар аксари навоҳии кишвар сӯзишворӣ бидуни ҳисобкунак ва қайди мақомоти андоз бо зарфҳои гуногун фурӯхта мешавад: “Тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, ки ҳисобкунак надоранд, вазифадор карда мешаванд, ки дар кӯтоҳтарин муддат ҳисобкунак насб намоянд. Дар сурати иҷро накардани ин талаботи қонунии мансабдори мақомоти андоз масъулини НФС ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд”.

Дар мавриди онҳое, ки вобаста ба имконияти техникӣ ва норасоии барқ дар ноҳияҳои дурдаст сӯзишвориро бо зарфҳо мефурӯшанд, Давлатзода супориш додааст, ки сӯзишвории дохили зарфҳои калон ҳисоб карда шавад ва муҳрбандӣ гардад: “Ҳар бори пур кардани зарфҳо ба сарпӯши он бо тартиб додани санад муҳри нав гузошта шавад”.

Давлатзода сардорони раёсатҳои андози шаҳри Душанбе ва вилоятҳоро бори дигар огоҳ ва муваззаф кардааст, ки барои муҳргузорӣ ва таҳлили ҳисоботи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ шахсони масъулро таъин кунанду ҳар моҳ ба Кумита ҳисобот пешниҳод намоянд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *