Тӯҳфаи шаҳрдори Бохтар ба кӯдакон
Дар остонаи соли нави таҳсил 50 кӯдаки ятим ва аз оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Бохтар бо сару либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш таъмин гардиданд.
Тӯҳфаҳо аз ҷониби шаҳрдори шаҳр Абдулмаҷид Муминзод супорида шуда, кӯдакон ба хониши хубу аъло даъват шуданд.
Таъкид гардид, ки чунин иқдомҳои хайрхоҳона бо ҳидоятҳои ятимпарваронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.
Омӯзгорон ва хонандагони фаъоли шаҳр низ аз ҷониби раиси шаҳри Бохтар бо сипоснома, ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ