Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикибод ва тақдими манзилҳои нав ба сокинон

Имрӯз, 26 август дар деҳаи навбунёди Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон манзилҳои нави истиқоматии шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи заминларза зарар дида буданд, мавриди истифода қарор дода шуд.

Ба оилаҳои зарардида қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, 14 манзили истиқоматии чорҳуҷрадор барои оилаҳои манзилашон пурра вайроншуда ва 22 хонаи дуҳуҷрадор барои оилаҳои қисман зарардида, дар маҷмуъ 36 хонаи истиқоматии муҷаҳҳаз бо ашёи рӯзгор ва лавозимоти зарурӣ сохта шудааст.

“Хонаҳои истиқоматӣ бо тарҳи нав ва истифодаи маҳсулоти босифати сохтмонӣ бунёд шуда, дорои ҳуҷраҳои хоб, меҳмонхона, ошхона, ҳаммом ва дигар шароити зарурӣ мебошанд”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи заминҷунбии рӯзи 13 апрели соли 2025 дар 13 деҳаи ноҳияи Тоҷикиобод 471 иншоот зарар дида буданд. Аз ҷумла 33 хонаи истиқоматӣ пурра ва 164 манзили истиқоматӣ қисман, 3 муассисаи таълимӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, беморхонаи минтақавӣ ва дигар иншооти ёрирасон осеб дида буд. Ҳаҷми умумии хисорот наздики 8 миллион сомониро ташкил дод.

Аз лаҳзаҳои аввали ба қайд гирифтани офати табиӣ дар ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои муайян кардани ҳаҷми хисорот ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор Комиссияи доимамалкунанда таъсис дода шуда, дар навбати аввал барои дастрас намудани маҳсулоти сохтмонӣ ва маводи ғизоӣ ба маблағи зиёда аз 50 миллион сомонӣ кумакҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод  расонда шуд.

Бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва саҳми вазорату идораҳои дахлдор дар муҳлати 4 моҳ дар деҳоти Қалъаи Лаби Об ва Лангари Шоҳ барои 197 оила манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Ҳоло деҳаи навбунёд бо инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла оби нушокӣ, роҳ, барқ, бунгоҳи тиббӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти зарурӣ таъмин мебошад.

Барои дастрасии аҳолӣ бо оби ошомиданӣ аз масофаи 11 километр хати оби нӯшокӣ оварда шуда, 2500 метр роҳи дохили деҳа пурра мумфарш ва кӯчаҳои он чароғон шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *