Робот-кафшергар дар НБО “Роғун”

Барои сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз Чин  ду робот-кафшергар оварда шуд.

Тибқи иттилои маркази матбуоти НБО-и “Роғун”, ин  дастгоҳҳои муосир вазифаи кафшергариро иҷро мекунанд. Асосан дар ҷойҳое истифода мешаванд, ки барои инсон хавфнок ба ҳисоб мераванд.

Мутахассис тавассути пулти махсус нуқтаи лозимаро муайян мекунад ва робот ба таври худкор амалиёти кафшерро анҷом медиҳад.

Ворид намудани чунин таҷҳизоти пешрафта ҳадафаш суръат бахшидан ва осонтар намудани ҷараёни сохтмони бузургтарин иншооти энергетикии кишвар мебошад.

Ёдовар мешавем, ки НБО “Роғун” аз муҳимтарин лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, татбиқи он барои таъмини истиқлоли энергетикӣ аҳамияти калон дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *