Сафари Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон
Имрӯз, 26 август Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои анҷоми сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Қазоқистон шуд.
Бино ба иттилои расмӣ, дар фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев ва дигар намояндагони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ