Шаҳраки нав бо 38 хона дар Рашт
Сафари кории Сарвари давлат пас аз ноҳияи Тоҷикобод дар ноҳияи Рашт идома ёфт. Бо иштироки Президенти кишвар ба сокинони аз заминларза зарардида дар маҳаллаи Навбунёди Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак манзилҳои истиқоматӣ супорида шуданд.
Маҳаллаи навбунёд дар масоҳати 4,5 гектар бунёд гардида, аз чор кӯча ва 38 манзили истиқоматӣ иборат мебошад. Манзилҳо бо тарҳи зебову муосир сохта шуда, аз чор ҳуҷраи истиқоматӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборатанд ва бо тамоми лавозимоти рӯзгор таъмин шудаанд.


Ҳамзамон, дар маҳалла муассисаи таҳсилоти томактабӣ, бунгоҳи тиббӣ ва майдончаи машқу тамрин бунёд шудааст.
Сокинони аз офати табиӣ зарардида, ки бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соҳиби манзилҳои нави истиқоматӣ гардиданд, муҳаббату самимияти хоси худро ба Сарвари давлат баён карданд.
Зимни тақдими манзилҳои нави истиқоматӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳи меъмории биноҳо, сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамгардидаи зист баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки таъмини рӯзгори осоиштаи шаҳрвандон дар авлавияти сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар ноҳияи Рашт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.
Маврид ба таъкид аст, ки заминларзаи 13 апрели соли 2025 ба сокинони деҳоти Аскалон ва Ҳиҷборак зарари зиёди моддӣ расонд. Ин офати табиӣ боиси пурра аз байн рафтани 34 манзили истиқоматӣ, қисман зарар дидани 116 хона ва 59 бинову иншооти ёрирасон гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ