Роҳи нави Роғун-Обигарм-Нуробод. Пуле миёни Душанбе ва водии Рашт
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафар ба ноҳияи Нуробод роҳи нави байналмилалии Роғун – Обигарм – Нуробод ва се нақби онро мавриди истифода қарор доданд.
Ин роҳ пойтахтро бо ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш мепайвандад ва имкониятҳои ҳамкории иқтисодию иҷтимоӣ, гардиши савдо, транзити минтақавӣ ва равобити Тоҷикистон бо Қирғизистонро густариш медиҳад.



Дарозии умумии роҳ 75 километр буда, паҳноии он 12 метр аст. Лоиҳа ба талаботи роҳсозии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Бо ҳадафи бартараф кардани монеаҳои табиӣ дар масир се нақб сохта шудааст:
- нақби «35-солагии Истиқлолият» – 2605 м,
- нақби «Ваҳдат» – 1700 м,
- нақби «Ориёно» – 1600 м.
Ин нақбҳо масофаро 24 км кӯтоҳ намуда, вақти сафар ва хароҷоти сӯзишвориро коҳиш медиҳанд.
Илова бар ин, барои таъмини ҳаракати бехатар дар мавзеъҳои хатарнок 14 пули мошингузар бо дарозии умумии 1150 метр сохта шудааст. Ҳамчунин, такядеворҳои оҳанубетонӣ, қубурҳои обпарто ва корҳои мустаҳкамсозии нишебиҳо анҷом ёфтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ