Тӯҳфаи мусиқавии президент ба хонумон

Телевизионҳои давлатии Туркманистон 17 март навори видеоии гулчини сурудҳои президенти ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро нишон доданд.

Расонаҳои расмӣ навиштанд, ки навор 8 март дар чорабинии бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон дар шаҳри Ишқобод сабт шуда буд. Ба иттилои хабаргузории расмии ТДХ, ба чорабинӣ аз тамоми шаҳру навоҳии Туркманистон занони комёбу собиқадор даъват шуда буданд.

«Он рӯз барои занҳо беҳтарин ҳунармандон суруд хонданд. Ҳамчун туҳфа барои иштирокдорон наворе низ бо сурудҳои Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов намоиш дода шуд», — навиштааст ТДХ.

Президент Бердимуҳаммадов соли гузашта низ занони Туркманистонро бо сурудҳои худ ба 8 март табрик карда буд. Ӯ 30 марти соли 2017 дар ҷараёни сафари худ ба вилояти Ахал чанд сурудашро ҳамчун туҳфа барои 8 март замзама кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *