Тағйироти кадрӣ дар Хатлон: Саломзода рафт, Баротзода омад (аудио)

Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар аз вазифааш озод карда шудааст.

Ба иттилои як манбаъ аз мақомоти маҳаллии шаҳр, Файзулло Баротзода иҷрокунандаи раиси шаҳри Бохтар таъин шудааст.

Ба иттилои як манбаъ аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, имрӯз, 11-уми январи соли равон Файзулло Баротзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар таъин шудааст. Ӯ то расидан ба ин мансаб раиси ноҳияи Лахш буд.

Саломзода Сиҷоуддин муовини раиси шаҳри Душанбе таъин шудааст.

Ӯ соли 2020 раиси шаҳри Бохтар таъин шуда буд. Саломзода Сиҷоуддин солҳои пештар дар вазифаи раиси шаҳри Турсунзода ва раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҳам кор кардааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.