Таҷлили Рӯзи милитсия дар Хатлон

Имрӯз, 10-уми ноябри соли 2022 дар вилояти Хатлон иди касбии кормандони ҳифзи ҳуқуқ таҷлил карда шуд. Дар ин рӯз ба кормандони фаъоли ин ниҳод ифтихорнома ва ба оилаҳои нафароне, ки дар раванди таъмини суботи ҷомеа фавтидаанд, кумаки яквақта расонида шуд.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, хидматҳои онҳоро дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ҳамчун рамзи садоқат ва далериву шуҷоатмандӣ қадр мекунад. Ӯ афзуд, ки “дастгириҳои Роҳбари давлат шуҷоати милитсияро бештар карда, онҳо қодиранд дар ҳар вазъияти низоъ ҷони худро дареғ надоранд. Давлату ҳукумат тавассути милитсия бар зидди ҳама гуна ҷиноят мубориза бурда, пешрафти иқтисодӣ-иҷтимоиро миёни ҷомеа кафолат медиҳанд, ки сарманшаи ин ҳама ба ҷоннисориҳои низомиён вобаста аст”.

Дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолон барои хидматҳои шоиста дар таъмини суботи ҷомеа ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд. Ҳамчунин дар ин рӯз ба оилаҳои нафарони фавтида кумаки молӣ расонида шуд.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.