Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ дар ДДД

Бахшида ба иди Артиши миллӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҷамъомади идона баргузор гардид.

Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот нахуст ҳайати шахсии афсарону курсантони кафедраи ҳарбии донишгоҳ, сарбозони қисми низомии ҳудуди ноҳия ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба муносибати 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шодбош гуфт.

Профессор Нуралӣ Шоҳиён аз таърихи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба фароҳам овардани шароиту имкониятҳо дар самти хизмати ҳарбӣ ёдовар шуд.  

  Қайд гардид, ки 18-уми декабри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор ба имзо расонид ва  Артиши миллӣ таъсис дода шуд. 23-уми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароитҳои техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамоянд.

“Имрӯз сокинони мамлакат дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ муҳофизи худро дида, онро сипари боэътимод медонанд. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дараҷаи касбияти аскарону афсарон ва вазъи моддию техники имрӯзаи Артиши миллӣ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии он ба куллӣ фарқ менамояд”,-иброз дошт ректор.

Хотирнишон менамоем, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара дар баробари таҳсилоти олӣ,  ба машғулиятҳои ҳарбӣ фаро гирифта мешаванд ва баъди хатм соҳиби   рутбаи ҳарбӣ- лейтинанти хурд мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *