Таҷовуз ва куштори духтари 8-сола ба куштор овард

Таҷовуз ва куштори духтараки 8-сола Тазоҳургарони  покистониро  ба хашм оварда буд ва онҳо ба идораи пулис ва як муассисаи давлатӣ ҳамла кардаанд. Дар натиҷа ду нафар кушта шуд.

Чуноне Мақоми аршади пулис Имрон Хон гуфтааст, ҳамлаи мардум ба идораи пулис дар ноҳияи Касури Вилояти Пунҷоб сурат гирифт.

Як мақомдори дигар ба суоле, ки оё ҳалокати ду нафар аз тири пулис буд ё амали дигар, посух надодааст.

Хушунат чанд соат пеш аз маросими ҷанозаи духтари 8-сола Зайнаб Ансорӣ сурат гирифт, ки ҷасадашро рӯзи 9 январ аз қуттии ахлот пайдо карданд.

Ба гуфти сокинони маҳаллӣ духтарак рӯзи 4 январ, баъди иштирок дар дарси Қуръон нопадид шуд. Падару модари ин духтар ҳангоми ин ҳодиса барои ҳаҷи умра ба Арабистони Саудӣ рафта буданд.

Пайдо шудани як навор дар интернет, ки дар он марде ин духтаракро ба самти номаълум мебурд, хашми одамонро бештар кард.

Навоз Хон гуфтааст, ки як нафар бо гумони куштори ин духтарак боздошт шуд. Ба гуфтаи ӯ, 57 боздоштшудаи дигар бинобар номувофиқ будани ДНК озод шуданд.

Додгоҳи Олии Лоҳур рӯзи 10 январ ба таҳқиқи қазияи Зайнаб Ансорӣ дастур дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *